Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 3. Равишҳои асосии фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ


Download 0.93 Mb.
bet12/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 3. Равишҳои асосии фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ
дар солҳои 1917-1944
Нақша:
1.Ташкили шӯъбаҳои тарбияи иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон
2. Фаъолияти ҷамоаи мактаб
3. Тадбирҳои ёрии иҷтимоӣ-педагогӣ расонидан ба аҳолӣ дар солҳои ҷанг
4.Аз таърихи ривоҷёбии муассисаҳои оммавии таълими томактабӣ ва иҷтимоишавии бачагон дар Ӯзбекистон


Ибораҳои такягоҳ: ташкили мактабҳои меҳнатӣ, ҷамоаи мактаб, маҳфили «Ниҳол», равишҳои асосии тарбияи иҷтимоӣ, тарбияи оилавӣ, ташкили синфхонаҳои махсус, ташкили хонаҳои бачагон, маркази тарбияи бадеии Ӯзбекистон, ҳаракати “Ҳуҷум”, ташкили боғчаҳои типи санитарӣ.

1.Ташкили шӯъбаҳои тарбияи иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон


Дар ин вақт дар бисёр ҷойҳо, аз ҷумла дар Ӯзбекистон шӯъбаҳои тарбияи иҷтимоӣ ташкил шудан гирифт. Оиди ҳифзи иҷтимоии бачагони ноболиғ муассисаҳо бунёд карда шуд. Дар солҳои 20-уми асри ХХ барои ёрии моддӣ расондан ба мактаб бо номи “комсод” (кумитаи ёрӣ) фаъолият нишон медод. Ба ғайр аз ин “фонди камбағалон” барои ёрии моддӣ расондан ба оилаҳои камтаъмин мавҷуд буд. Ин фондҳо оилаҳои камбаҚалро бо хӯроквории хеле кам таъмин менамуданд.
Аз тарафи Ф.В.Лубенцов ташкил шудани мактаби меҳнатии ба номи Карл Либнехт дар ҳаёти республика воқеаи муҳим гардид. Дар ин муассисаи таълимӣ 600 нафар бачагони ятими наздики шаҳри Тошканд тарбия мегирифтанд. Фаъолияти ин мактаб ба қоидаҳои иҷтимоӣ-педагогӣ асос ёфта буд. Ҳукумати РАС Туркистон соли 1918 ба ин мактаб аз назди қишлоқи Никольское бинои нав дод. Зимистони солҳои 1919-1920 хеле сахт омада буд. Бачаҳо дар хонаҳои хунук зиндагӣ мекарданд. На чароғ, на карасин буд.
Ҷамоаи мактаб ба ин душвориҳо нигоҳ накарда фаъолияти педагогиро давом медод. Бачагон дар ҷашнҳои мактаб иштирок мекарданд, бо варзиш ва расмкашӣ машғул мешуданд. Дар мактаб интизоми қатъӣ ҷорӣ шуда буд. Фаъолияти таълимӣ ва меҳнатии мактаб равиши намоёни иҷтимоӣ дошт. Масалан, маҳфили “Ниҳол” ба аҳолии камбағал 6 ҳазор бех ниҳол ҳадя кард. Ба 30 нафар деҳқонон барои иштирок намудан дар намоиши кишоварзӣ ёрӣ расонданд.
Маҳфили “Тозагӣ” ҳолати шохаҳои хӯрокхӯрӣ, истифодаи об, маишӣ ва санитарӣ-гигиениро назорат менамуд. Муаллимон аз фанҳои гуногун дастурҳои таълимӣ месохтанд. Дар баҳор, тобистон ва тирамоҳ машғулотҳо дар саҳро ва боғҳо гузаронида мешуд. Бачагон бо роҳбарии муаммои бо рӯёндани гандум, пахта, шолӣ, ҷуворӣ, сабзавот ва бо кирмакпарварӣ, оруи асалпарварӣ машғул мешуданд. Ин гуна машғулотҳои гуногун дар хонандагон малакаи агротехникӣ ва зоотехникӣ ҳосил мешавад.
Боз як усули инкишофи мустақилият ва масъулият низоми худидоракунӣ буда, он дар ҷамоа малакаи муомиларо ташаккул медод.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling