Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
- Bu sahifa navigatsiya:
- 3.Тадбирҳои ёрии иҷтимоӣ-педагогӣ расонидан ба аҳолӣ дар солҳои ҷанг (1941-1945)
2. Фаъолияти ҷамоаи мактаб
Ҷамоаи мактаб тамоми душвориҳоро бартараф намуд ва соли 1921 ин муассиса ба мактаби таҷрибавӣ табдил дода шуд. Дар муддати кӯтоҳ бо ташаббуси педагогҳои иқтидорнок ба ин мактаб мақоми маркази илмӣ-услубии республикавии такмили ихтисоси омӯзгорон дода шуд. Ҷамоаи мактаб аввалин бор китобҳои дарсии услубии “Китобхонаи муаллимони деҳот”-ро тайёр кард. Дар соли 1925 китоби “Усулҳои дарсдиҳӣ дар мактабҳои ибтидоӣ”-и В.Лубенцов (ба забони ӯзбекӣ), соли 1928 зери таҳрири В.Лубенцова ва Н.Архангелский барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ “Дониш” ном хрестоматия чоп шуд. Таҷрибаи ин мактаб ниҳоят аҷиб буда баъзе ҷиҳатҳои онро дар вақти ҳозира ҳам истифода бурдан мумкин аст. Равишҳои асосии тарбияи иҷтимоӣ-педагогии солҳои 1920-1930 чунинанд: - бесаводиро бартараф намудан (хусусан дар байни занҳо); - ба роҳ мондани таълим ва тарбияи меҳнат; - ба вуҷуд овардани мактаб-интернатҳо; - вобаста намудани таълим бо истеҳсолот. Дар солҳои 30-уми асри ХХ фаъолияти беруназмактабии хонандагон ривоҷ ёфт. Дар ин солҳо станцияҳои техникӣ ва кишоварзии бачагон, клубҳо, китобхонаҳо ва театрҳои бачагон фаъолият нишон медод. Маҳфилҳои мактабӣ ҳамчун воситаи ривоҷи эҷодиёти бачагон ва шавқовар гузаронидани вақти холии онҳо хизмат мекард. Айнан дар ҳамин солҳо фаъолияти педагогии шоири маъруфи ӯзбек Ғафур Ғулом (1903-1966) сар шуд. Ӯ дар кушодани мактаб-интернатҳо фаъол иштирок намуд ва худаш ҳам дарс дод. Фаъолияти ӯ аз як қатор вазифаҳои иҷтимоӣ-педагогӣ, мубориза бар зидди бесаводӣ, кушодани курсҳои шабона барои калонсолон, истифодаи усулҳои пешқадами таълим, роҳбарӣ бо кори мустақилонаи хонандагон, шавқу ҳаваси онҳоро ба касбу ҳунар ва меҳнат зиёд кардан иборат буд. Ғ.Ғулом ба тарбияи оилавӣ диққати калон медод ва қайд мекард, ки ривоҷёбии иҷтимоии бачагон аз бисёр ҷиҳат ба падару модарон вобаста аст. 3.Тадбирҳои ёрии иҷтимоӣ-педагогӣ расонидан ба аҳолӣ дар солҳои ҷанг (1941-1945) Муаммое, ки дар оқибати ҷанги солҳои 1941-1945 ба вуҷуд омад, аҳволи бачагонро душвор кард. Муносибати давлат ва ҷамъият ба қурбонҳои “бегуноҳ”-и ҷанг - бачагон дигар шуд. Давлат кӯшиш кард, ки ин муаммоҳоро бо кушодани мактаб-интернатҳо барои бачагони кӯчонда овардашуда ва зиёд кардани хонаҳои бачагон ҳал намояд. Ин ҳаракат, хусусан, дар кӯчонда овардани муассисаҳои бачагон аз ҷойҳои фронт ба Ӯзбекистон бештар намоён буд. Қабул кардан ва ҷойгир кунондани бачагон ва калонсолон, ки кӯчонда оварда шуда буданд, фаъолияти асосии солҳои ҷанги республика гардида буд. Дар Тошканд тарбиячиёни хонаҳои бачагони Зуев ва Қрим ҷойгир кунонида шуданд. Мактаби намоёни ноҳияи Поп ба хонаи бачагон табдил дода шуд. Вале ҷиҳозҳои даркорӣ: кат, кӯрпаю болин, либосворӣ намерасид. Ба хонаҳои бачагон аҳолӣ дасти ёрӣ дароз мекард. Дар Тошканд хонаҳои бачагони рақами 1, 2, 3, 15, 18, 14, 15 барои бачагони Белоруссия хонаи бачагон ва кӯдакон фаъолият нишон медод. Дар архивҳо китоби қайднома хонаи кӯдакони Тошканд дар солҳои 1941-1942 мавҷуд аст. Дар он аризаи шаҳрвандон дар бораи “ба фарзандӣ гирифтан” дучор мешавем. Ҳамон солҳо дар шаҳри Тошканд Маркази қабул ва ба хонаи бачагон ҷойгиркунии бачагон ташкил шуда буд. Соли 1942 ин гуна марказҳо дар шаҳрҳои Фарғона, Урганч, Намангон, Андиҷон, Тӯрткӯл ҳам сохта шуда буд. Ба Ӯзбекистон, аз ҷумла ба Самарқанд хонаи бачагони рақами 21-и Польша ва муассисаҳои испан кӯчонида оварда шуда буд. Муаллифи асари “Рӯзномаи фронт”, публицист ва нависандаи машҳури румии Хайра Зинке ҳам дар солҳои ҷанг дар синни 18-солагӣ ба Ӯзбекистон эвакуация шуда буд. Ӯ дар Самарқанд дар дар хонадони колхозчӣ Абдурасул Ҷӯраев зиндагӣ кардааст. Аз соли 1944 сар карда дар Тошканд Маркази кӯчонда овардани бачагон ташкил карда шуда буд. Дар кори марказ духтурҳо ҳам иштирок мекарданд. Дар он солҳо ба тарбия гирифтани бачагони кӯчонда овардашуда васеъ ҷорӣ шуда буд. Масалан, яке аз аввалинҳо шуда Фаина ном духтарчаи ленинградиро Усмон Юсупов ва ҳамсари ӯ Юлия Степаненко ба тарбияи худ гирифтанд. Оҳангари тошкандӣ Шоаҳмад Шомаҳмудов ва ҳамсари вай Баҳрӣ ая 14 нафар бачагони миллатҳои гуногунро ба тарбияи худ гирифтанд. Солҳои 1944-1945 барои бачагони нобино ва кар синфхонаҳои махсус ташкил карда шуд. Дар моҳи августи соли 1941 дар рӯзномаи “Правда” мақолаи Л.Толстой дар бораи таассуротҳояш аз сафари Ӯзбекистон (“Самоотверженность”) чоп шуд. Шумораи хонаи бачагон меафзуд. Соли 1945 шумораи онҳо ба 267 то расид. Дар онҳо 30792 нафар бачагон тарбия мегирифтанд. Дар давраи ҷанг ҳаракати идораҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ ба ташкили таълими бачагон дар мактаб нигаронида шуда буд. Ходимони таълими халқ нафақат ҷараёни таълимро ташкил менамуданд, балки ба оилаҳои ҷанговарон ва бачагони кӯчонда оварда шуда ёрӣ медоданд. Мактаби рақами 50-и Тошканд соли 1943 маскани истироҳатиро барои 50 нафар бачагон ташкил намуд. Дар ин маскан хонандагони синфҳои ибтидоӣ то соати 19.00 мемонданд. То давраи ҷанг дар муассисаҳои беруназмактабӣ бештар маҳфилҳои бо тарбияи бадеӣ вобаста амал карда бошад, дар солҳои ҷанг кружокҳои авиамоделчиён, табиатшиносон, техникҳо, физикҳо, химикҳои ҷавон ташкил шуд. Маркази тарбияи бадеии Ӯзбекистон соли 1942 намоиши расмҳои кашидаи бачагонро ташкил намуд. Дар расмҳо лавҳаҳои давраи ҷанг акс меёфт. 40-то расмҳои беҳтарини он дар Москва ва дар Нью-Йорк (с.1943) ҳам намоиш дода шуд. Пас аз ҷанг бисёр оилаҳо ва бачагон кӯчонда овардашуда ба ҷойҳои худ баргаштанд. Вале чандин оилаҳо ва бачагон бо хоҳиши худ дар Ӯзбекистон монданд. Соли 1956 Ҳукумати Ӯзбекистон бо ёрии аҳли ҷамоат дар Янгийӯл, Фарғона, Қӯқанд ва Хива шашто мактаб-интернат кушод. Соли 1962 шумораи мактаб-интернатҳо ба 119 то, хонандагон ба 38.000 нафар расид. Мактаб-интернатҳо, муассисаҳои типи нави таълиму тарбия буда, дар онҳо барои хондан ва инкишофи бачагон шароитҳои хуб ба вуҷуд оварда шуда буд. Мақсади асосии ин муассисаҳо ба амал баровардани тарбияи ахлоқӣ, ақлӣ, эстетикӣ ва ҷисмонӣ хонандагон иборат буд. Сонитар дар республика мактаб-интернатҳои нави махсус: мактаби мусиқаи ба номи Глиэр, мактаби санъат ва спорт ташкил шуд. Ба ғайр аз ин барои бачагони аз ҷиҳати ақлӣ ва ҷисмонӣ ногирон мактаб-интернатҳо ҳам кушода шуд. Дар солҳои 60-уми асри ХХ ташкил шудани муассисаҳои нави тарбия, яслӣ ва боғча, мактабҳои рӯзи корашон давомдор ташкил шуд. Аммо аз сабаби сиёсати онвақта таҷрибаҳои ин муассисаҳо дар матбуот акс нагардиданд. Дар охирҳои солҳои 70-уми асри ХХ дар ахлоқи ҷавонон, хусусан наврасон дигаргуниҳо мушоҳида гардид. Бинобарин дар солҳои 80-ум муаммоҳои мубориза ва пешгирӣ бар зидди алкоголизм, наркомания ва таксокомания кӯндаланг шуда истод. Яке аз шаклҳои ҳосил намудани малакаҳои иҷтимоӣ ва касбии хонандагон ташкил шудани корхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ (УПК) буда, дар онҳо бачагон касбҳои гуногунро меомӯхтанд. Ба тариқи мисол фаъолияти корхонаи 210-уми Тошкандро овардан мумкин аст. Дар ин солҳо муассисаҳои тарбияи иҷтимоии беруназмактабӣ ҳам инкишоф ёфт. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling