3. Ғояҳои иҷтимоишавии шахс дар Қуръон
Дар Қуръон ғояҳо дар бораи иҷтимоишавии шахс ва муносибат ба меҳнату ҳаёт мавҷуд аст. Исломшиносон оиди муносибати дини ислом нисбати ба ҳаёт ва меҳнати инсон ҷустуҷӯйҳо гирифта бурда истодаанд. Қуръон боигариро маҳкум мекунад, вале на ҳамаи боигариҳоро, балки фақат онро, ки қисмати Худо ва мусулмононро фаромӯш кардаанд, маҳкум мекунад. Агар боигарӣ аз нуқтаи назари динӣ бо меҳнати ҳалол ёфта, закот дода шуда бошад, онро ислом қонунӣ ҳисоб мекунад.
Аз ин сабаб истифода аз ҳадисҳо дар кори тарбия муҳим ҳисоб меёбад. Зеро дар онҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти пайғамбар ҳикояҳо, пандҳои ахлоқӣ мавҷуд аст. Дар ҳадисҳо асосҳои ислом шарҳ дода шуда, масъалаҳои меҳрубонӣ, покизагии рӯҳӣ, тозагӣ, ҳалолӣ, имон барин мафҳумҳо дида баромада мешавад.
Таҳлили педагогии Ҳадисҳо аҳамияти таълиму тарбиявии онро собит намуда, имконият медиҳад, ки равишҳои муҳими мазмуни онро нишон диҳем;
- “соҳиби хулқи зебо”. Ташаккули эътиқоди одамон ба якдигар;
- тан гирифтани хатоҳои худ аз бузургии одамон далолат медиҳад;
- фикри худро баён кардан - ифодаи қувваи инсон аст;
- фикри худро баён накардан нишонаи норозигӣ нисбат ба фикри шариат ва солим;
- фарзи худро дарк намудан ва онро ихтиёрӣ иҷро кардан ба пайдоиши хислатҳои нек оварда мерасонад, ӯҳдадории худро дар назди Ватан, дӯстон, халқ иҷро кардан нишонаи тарбияёбии инсон мебошад;
- қадри вақтро дар ҳаёт фаҳмидан шарти асосии ривоҷёбии инсон ва ҷамъият аст;
- сабр кардан хушбахтист. Хислатест, ки дар мубориза бар зидди норасоӣ, беморӣ ёрӣ мерасонад.
Барои ба муваффақиятҳо соҳиб шудан ба ғайр аз ақл сабр ҳам лозим аст.
- Инсонро ба дараҷаи фаришта бароваранда - ин хислат аст. Дар касе, ки ин хислат вуҷуд надорад, муҳаббати аслӣ ҳам нест. Майпарастӣ. фаҳш. зино - ҳамаи инҳо оқибати беиродатист. Ин гуна одамон ба атрофиён, ба халқи худ зарар меоваранд;
- фикри амиқ рондан - аломати ба камолоти ақлӣ расидани инсон аст;
- касе, ки гузаштаи худро гум кунад - ояндаи ӯ нест.
Насли наврасе, ки панди пиронро фаромӯш намояд, имонро ҳам аз ёд мебарорад ва бадӣ бар некӣ ғолиб меояд.
Do'stlaringiz bilan baham: |