Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷУМҲурияти ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ


Download 0.83 Mb.
Pdf ko'rish
bet4/7
Sana01.03.2023
Hajmi0.83 Mb.
#1242667
1   2   3   4   5   6   7
Bog'liq
рррррр

 1.2. Ҳаёти фоҷианоки Ҳилолӣ
 
Моро ба ҷафо кушта пушаймон шуда бошӣ? 
Хуни дили мо рехта ҳайрон шуда бошӣ? 
Ҳилолӣ 
Барои мардуми Ҳирот шаби ҷумъаи соли 1529 шаби 
бехосият буд. Дору гир, доду фарёд, гиряву лобаи кӯдакону 
занон хомӯшии шабро халалдор мекард. Ясавулон ва 
сарбозони Убайдуллохон хонаҳои мардумонро талаву тороҷ 
мекарданд, одамони «гарданкаш», «ёғӣ» ё шиамазҳабонро ба 
зиндону қозихона мебурданд. Чор сарбози Убайдуллохон ба 
назди дарвозае омаданд. Тақ-тақ карданд. 

Кист? 

Кушо, мо одамони хон! 
Марде дарвозаро кушод. 

Хонаи кист?! - пурсид яке аз одамони хон. 

Бадриддини Ҳилолӣ. 

Хабар кун, биёяд! 
- Ман? 

Ҳа, ту! Шиаи хар! 

Даҳон нигоҳ доред! Одоб ҷавҳари инсон аст. Аввал 
пурсиш, 
баъд кушиш! 

Бас сафсата. Рафтем ба маҳкамаи қозӣ. Дар ҳамон ҷо 
мефаҳмӣ. 
Чокарон ба забон кушодани шоир имконият надода, ӯро 
гирифта кашон-кашон ба маҳкамаи қозӣ оварданд. Қозихона 
дар ин ними шаб хеле серодам буд. Пас аз интизорӣ 
Ҳилолиро ба назди қозикалон Шамсиддини Қаҳтонӣ 
дароварданд. Чор нафар дар рӯйи кӯрпачаҳои махмалин 
нишаста, тасбеҳ мегардонданд. 
Ҳилолӣ шарту русуми инсонӣ ба ҷо оварда салом дод. Аммо 



салом беҷавоб монд. Қозикалон ба ҳуҷум гузашт: 

Шумо, шоир Ҳилолӣ? Чунин бандаҳои осӣ ба худ 
лақабҳои осмонӣ ҷуста меёбанд. Садқаи хилоли Худои 
мутаол шавед! 

Ман гуноҳе надорам ва сабаби ба марҳамати шумоён 
расиданамро намедонам. 

Намедонӣ?! Ҳамаашро нағз медонӣ! Ҳоло ба ёдат 
меорем. 
Аввалан, дар як шеърат хони покдину маъдалатгустар
хомии шариати ислом Убайдуллохонро танқиду мазаммат 
кардаӣ. 
Магар ин гуноҳ нест?! Сониян, аз рӯйи кору рафторат 
шиамазҳаб ҳастӣ. Ба шиа буданат ин ҳомиёни дину диёнат 
гувоҳ ҳастанд ва шиа буданатро тасдиқ мекунанд. 
Мавлоно Бақоии Ланг ва Мавлоно Гулчеҳр, ки дар назди 
қозикалон ҳузур доштанд, аз ҷой бархеста, суханони Мавлоно 
Шамсиддинро тасдиқ карданд. 

Баред! Пагоҳ дар бозори Чорсӯ амри моро амалӣ кунед! 
Хуршеди оламтоб кайҳо аз паси қуллаҳои кӯҳ баромада, 
саховатмандона нурпошӣ мекард. Вале офтоби зиндагии 
шоир Ҳилолӣ рӯ ба ғуруб оварда буд. Шоири номуродро 
ясавулон кашон-кашон ба сӯйи бозори Чорсӯйи Ҳирот 
мебурданд. Як гурӯҳ мардуми авом ба ҳоли шоир гиря 
мекарданд ва баъзе ҳасудон, нотавонбинон ва рақибони шоир 
ба сари Ҳилолӣ санг мепартофтанд. Сари шоир хуншор шуда 
буд. Қатраҳои хун ба рӯйи гандумгунаш таровида, риши 
мошубиринҷии шоирро лолагун мекарданд. Ӯ бо сари 
баланд пеш мерафт. Аз байни ҳасудону нотавонбинон, 
дӯстон, хешу ақрабояшро меҷусту медид, ки онҳо гирён 
буданд. Шоир бо ишорат бо онҳо хайру хуш менамуд ва 
байти зерро бо дарду алам мехонд: 
Ин қатраи хун чист бар рӯйи ту, Ҳилолӣ, 
Гӯё, ки дил аз ғусса ба рӯйи ту давида. 


10 
Ниҳоят Ҳилолиро ба бозорҷой оварданд. Дар назди ӯ 
ҷаллод Сайфулло шамшер дар даст меистод. Қатлгоҳ 
баландтар буд. Шоир издиҳомро хуб медид. Чанд дақиқа 
хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Сонӣ ба шоир иҷозат доданд, ки 
чанд сухан гӯяд: 

Хешу табор, дӯстон! Бо Шумо худоҳофизӣ мекунам. 
Онҳо дар қасди ҷони ман буданд. Имрӯз ба мақсад мерасанд. 
Гуноҳе надорам, ҳасудон, нотавонбинон, амири бехирад 
душмани ҷони ман шуданд. 
- Кушед шоири бадмазҳабро! Бас лаққидан, - ба Сайфулло 
фармон дод шахси масъули Убайдуллохон. Сайфулло 
фармонро ба ҷо овард. 
Соли қатли Ҳилолӣ 936 ҳиҷрист, ки ин ба соли 1529 мелодӣ 
рост меояд. 

Download 0.83 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling