Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷУМҲурияти ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ


Download 0.83 Mb.
Pdf ko'rish
bet6/7
Sana01.03.2023
Hajmi0.83 Mb.
#1242667
1   2   3   4   5   6   7
Bog'liq
рррррр

Рубоиҳо аз Бадриддини Ҳилолӣ 
Дар олами бевафо касе хуррам нест
Шодию нишот дар банӣ Одам нест! 
Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест, 
Ё одам нест ё аз ин олам нест! 
*************************** 
Ёр омаду ёри дилнавоз омад боз, 
Баҳри дили хаста чорасоз омад боз. 
Умрам ҳама рафта буд аз рафтани ӯ, 
Сад шукр, ки умри рафта боз омад, боз. 


14 
Шеър дар васфи сухан/забон (Б. Ҳилолӣ) 
Сухан сардафтари девони ишқ аст, 
Сухан ганҷинаи султони ишқ аст. 
Зи дил файзе, ки ҷӯӣ, ҷуз баён нест, 
Забони теғ чун теғи забон нест. 
Сухан зоҳир кунад сӯзи ниҳонро, 
Зи шамъи дил барафрӯзад ҷаҳонро. 
Сухан сарчашмаи дарёи ишқ аст, 
Сухан сармояи савдои ишқ аст. 
Ки гар бар сафҳаи олам набудӣ, 
Нишон аз оламу одам набудӣ, 
Кӣ ҳоли рафтаву оянда гуфтӣ, 
Кӣ чандин маънии поянда гуфтӣ… 
Кӣ мутрибро нишотангез кардӣ, 
Ҳазор оташ ба як дам тез кардӣ. 
Сухан ваҳй аст, мо арши баринем. 
Сухан сеҳр аст, мо сеҳрофаринем. 


15 
2.2.
Маснавӣ «Сифот-ул-ошиқин»
«Сифот-ул-ошиқин». Маснавӣ аз 1200 байт иборат буда, дар 
мавзӯи панду ахлоқ суруда шудааст. Асарҳои ахлоқии Низомии 
Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Саъдии Шерозӣ ба адиб илҳом 
бахшидаанд. Ба ҳамин маънӣ Ҳилолӣ ишорат карда мегӯяд: 
Навиштам номае дар некномӣ, 
Ки Хусрав офарин карду Низомӣ. 
Калиди «Махзан-ул-асрор» бо уст, 
Фурӯғи «Матлаъ-ул-анвор» бо уст, 
«Гулистон»-ест дар вай «Бӯстон»-ҳо, 
Дар авроқаш ҳазорон достонҳо. 
Маснавии Ҳилолӣ мисли асарҳои Низомию Амир Хусрав сужети 
ягона надорад. Асар аз 20 боб иборат аст. Ҳар боб мустақил буда, 
ба мавзӯи алоҳидае бахшида шудааст. Мавзӯи умумии асар 
таърифу тавсифи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, шоир дар 
баробари ситойиши хислатҳои нек рафтори бади одамонро 
накӯҳиш мекунад. Як ҷиҳати муҳими маснавӣ боз дар он аст, ки 
Ҳилолӣ мувофиқи мазмуни боб ҳикояҳои тамсилӣ ва ахлоқӣ 
меорад ва ба ин восита фикрҳои худро қувват медиҳад. Махсусан 
бобҳое, ки доир ба масъалаҳои сидқу вафо, саховату ҷавонмардӣ, 
сабр, қаноат, одоб, ҳаё, адолатхоҳӣ, ҳимматбаландӣ бахшида 
шудаанд, қимату арзиши баланд доранд ва имрӯз ҳам аҳамияти 
тарбиявии худро гум накардаанд. 
Ҳамеша росткорон растагоранд, 
Ки ғайр аз ростӣ коре надоранд. 
Сафо меборад аз мардони содиқ, 
Ки қавлу феълашон омад мувофиқ. 
Боби 4, ки «Дар хулқи хуш» ном дорад, ба муқобили одобу 
ахлоқи пасти ҷавонони рӯзгори шоир равона карда шудааст. 
Шоир ҷавононеро, ки намуди зебо, сару либоси пурдабдаба 
доранд, вале одобу ахлоқашон ношойиста ва разилона аст, сахт 


16 
мазаммат мекунад. 
Ҷавоно, чанд бадхӯйӣ тавон кард, 
Зи хӯйи бад ҷафоҷӯйӣ тавон кард? 
Ту инсонӣ, тариқи деву дад чист? 
Ба он рӯйи наку ин хӯйи бад чист? 
Накухӯ аз дари роҳат дарояд, 
Чу гул ҳар ҷо ки бошад, хуш барояд. 
Ҳилолӣ ҷавононро даъват менамояд, ки дар роҳи саодати 
халқ, ободиву ягонагии мамлакат ҳамеша тайёр бошанд. Ба 
душманони Ватан зарбаҳои ҷонкоҳе задан ва қаҳрамониву 
фидокорӣ нишон додан вазифаи муқаддаси ҳар як ватандӯст 
аст: 
Биё, эй бедили аз кор монда, 
Зи бим андар паси девор монда. 
Далерӣ кун, ки майдон аз далер ист, 
Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст. 
Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ, 
Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ! 
Суханони боло ба замони Ҳилолӣ вобастагии қавӣ доранд. 
Дар рӯзгори адиб Мовароуннаҳру Хуросон саҳнаи ҷангҳои 
шадид, кушторҳои зиёд гардидаанд. Бинобар ин, шоир оқибати 
фоҷиавии ин тохтутозҳоро ҳис карда, ба воситаи сухан 
ҳамватанонашро ба далерию қаҳрамонӣ, ба ҳимояи ватан 
даъват намудааст. 
Бадриддини Ҳилолӣ асосан дар байни хосу ом ҳамчун шоири 
ғазалсаро машҳур гардидааст. Дар ин бора худи адиб чунин 
мегӯяд: 
Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст, 
Шукри Борӣ, ки назми ман ғазал аст. 
Он ки назми ғазал тавонад гуфт, 
Маснавиро чу дур тавонад суфт! 


17 
Аз ин рӯ, қисмати зиёди девони Ҳилолиро, ки соли 1521 бевосита 
худаш тартиб додааст, ғазал ташкил медиҳад. Девони ӯ қариб аз 
360 ғазал, 32 рубоӣ, 8 қитъа, чистони «Шамъу фонус»ва дигар 
жанрҳои хурди лирикӣ иборат аст, ки микдори абёти он ба 2700 
байт мерасад. 
Мавзун қитъа ва рубоиёти шоир мухталиф буда, дар онҳо 
ақидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии адиб инъикос ёфтаанд. 
Масалан, дар рубоии зер Ҳилолӣ таъкид мекунад, ки дар ин рӯзгор 
инсони беғам вуҷуд надорад. Таҷрибаи ҳаёт, рӯзгори одамони 
ҷамъият адибро ба чунин хулоса овардааст. Ҳилолӣ дид ва 
мушоҳида намуд, ки истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ хору 
забунанд: 
Дар олами бевафо касе хуррам нест, 
Шодию нишот дар бани Одам нест. 
Он кас, ки дар ин замона ӯро гам нест, 
Е одам нест, ё аз ин олам нест. 
Дар қитаоти шоир нуқсонҳои ҷомеа фош гардида, шикоят 
аз зулм, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайра баланд садо медиҳанд. 
Оҳ аз ин рӯзгори баргашта, 
Ки зи ман лаҳза-лаҳза баргардад! 
Гар фалакро ба коми худ хоҳам, 
Ӯ ба коми каси дигар гардад. 
Табиист, ки хунрезиҳо, зулму истисмори табақаи боло сабаби 
қашшоқии омма мегардид. Аҳвол бад буд, боз бадтар мешуд. 
Барои ҳамин дар анҷоми қитъа шоир аз он шукр мекунад, ки дар 
оянда аҳвол аз ин ҳам бадтар нашавад: 
Лек бо ин хушам, ки толеи ман. 
Натавонад, к-аз ин батар гардад. 
Ҳилолӣ дар солҳои охири ҳаёташ се достон зҷод кардааст, 
ки ин сабаб дорад. Боре дар як анҷумани шоирон сухан аз Ҳилолӣ 
рафт. Аксарияти устодони сухан шеъри ӯро таъриф карданд ва дар 
эҷоди жанрҳои хурди лирикӣ, махсусан ғазалсаройӣ бебадал 
будани шоирро ёдовар шуданд. Дар байни онҳо адибе буд, ки 


18 
танҳо маснавӣ ё достон мегуфт. Ҳамин шахс Ҳилолиро мазаммат 
намуда мегӯяд, ки ӯ фақат ғазал мегӯяд. Дар достон гуфтан 
дасткӯтоҳ аст. Пас аз ин Ҳилолӣ ба навиштани достон шурӯъ 
мекунад. Дар ин бора Ҳилолӣ чунин мегӯяд: 
Буд шахсе ба маснавӣ машҳур, 
Дар фунуни сухан ба худ масрур. 
Гуфт: «Оре, агарчи бебадал аст
Шеваи шеъри ӯ ҳамин ғазал аст. 
Нест ӯро зи маснавӣ хабаре, 
Дар раҳи мо зи пайравӣ асаре» 
Бетааммул аз он миён ҷастам. 
Ба тааммул миёни худ бастам. 
Бозуи фикрро қавӣ кардам, 
Рӯй дар кори маснавӣ кардам. 
Ҳилолӣ дар қисмати охири достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар 
бораи се маснавияш чунин мегӯяд: 
Аввал сухане, ки гуфт аз ин пеш, 
Афсонаи шоҳ буду дарвеш. 
Зебо гуҳаре зи баъди он суфт, 
Назме зи сифоти ошиқон гуфт. 
Гуфт аз пайи он китоби мавзун, 
Афсонаи ҷонгудози Маҷнун. 


19 
ХУЛОСА
Яке аз бузургони ин давру замон – Бадриддини Ҳилолӣ буда, оид 
ба ашъор ва осорҳои фарҳангии ӯ муҳаққиқони муосири Ғарбу 
Шарқ дар феҳристу ма-қолаҳои худ суханҳои басе пурқиммат 
гуфтаанд. Дар шарқшиносии Русия бори нахуст номи Ҳилолӣ ва ду 
асари ӯ дар феҳристи Б.А.Дорн (Санкт-Петербург-1852) қайд 
шудааст. Б.А.Дорн дар ин феҳрист ду нус-хаи «Шоҳу Дарвеш» ва як 
нусхаи «Сифот-ул-оши-қин»-ро тасниф кардааст. Минбаъд номи 
Ҳилолӣ ва тафсири осори ӯ дар феҳристи бисёр китобхонаҳои ҷаҳон 
қайд гардидаанд. Бо вуҷуди ин, аз маълумоти дигар сарчашмаҳо 
бармеояд, ки шӯҳрати фазлу дониш ва равнақи эҷодиёти Ҳилолӣ, 
махсусан баъд аз вафоти Ҷомӣ(1492) ва Навой(1501) афзун 
мегардад. 
Замони Бадриддин Ҳилолӣ замони ҷангҳои кишварсӯзи Шайбониҳо 
бар зидди Темуриҳо, кушторҳои байни Сафавиҳову Шайбониҳо, 
даврони авҷи низоъҳои мазҳабӣ буд. Бадриддин Ҳилолӣ низ 
қурбони ин фитнаҳои даврон шуд. Ӯро моҳи октябри соли 1529 аз 
ҷониби султони ӯзбекҳои шайбонӣ Убайдуллохон, ки Ҳиротро забт 
карда буд, бо тӯҳмати он ки шоир аз мазҳаби шиъа аст, ба қатл 
расонд. 
Дар ҳамин солҳо ӯ бо баробари газалҳояш масна-виҳои «Шоҳу 
Дарвеш», «Сифот-ул-ошиқин» ва «Лай-лию Маҷнун»-ро таълиф 
намудааст. Ин матлаб аз маъ-лумоти муаррих Хондамир боз ҳам 
равшантар маълум мегардад, ки ӯ дар «Хулосат-ул-ахбор» (соли 
1499) ме-нависад: «Мавлоно Ҳилолӣ дар назми ғазал бешубҳа 
бебадал аст. Лекин дар ин айём ӯ аксар вақти худро ба таҳсили 
улум сарф мекунад». 
Дар ин маҷмӯъа, ки интихоб аз «Куллиёти осори Ҳилолӣ» 
(Сталинобод 1957) мебошад, беҳтарин ғазалҳои шоъири 
ширинкломи асри XVI Бадриддин Ҳилолӣ ҷой дода шудаанд. 


20 
РӮЗИ НАВРӮЗ АСТ
Рузи наврӯз аст сарви гулъузори ман куҷост?
Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанду ёри ман куҷост? 
Гангга мардум ҳар яке имруз сайди чобуке,
Чобуки сайдафкани мардумшикори ман куҷост? 
Нест як соат қарор ин ҷони нооромро, 
Ё раб3, он ороми ҷони беқарори ман куҷост?
Сӯхт аз дарди ҷудоӣ дил ба умеди висол, 
Марҳами доги дили уммедвори ман куҷосг?
Рузгоре шуд, ки дур афтодаам, охир бипурс,
К-он сияҳрузу парешонрузгори ман куҷост? 
Буд умре бар сари кӯят Хилолӣ хоки роҳ,
Соате, эӣ маҳ, нагуфтӣ хоксори ман куҷост? 
ДӮСТОН 
Дустон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед,
Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед.
Нест андуҳи маро бо дарди Маҷнун нисбате,
Мешавам девона, гар нисбат ба Маҷнунам кунед.
Лолагун шуд ҳирқаи садчокам аз хуноби ашк,
Шарҳи ин сурат ба шухи ҷомагулгунам кунед.
Шаҳсавори ман ба саҳро рафтаву ман мондаам,
3-ин гунаҳ аз шаҳр мехоҳам, ки берунам кунед.


21 
Васфи қаддашро ба мизони3 хирад санҷидаам, 
Офарин бар эътидоли табъи мавзунам кунед.
Чашми пурхунам бубинеду мапурсед аз дилам,
Ҳолати дилро қиёс аӣ чадпми пурхунам кунед.
Чун Ҳилолӣ душ бар хоки дараш ҷо кардаам,
Шояд аз имрӯз ҷо бар авҷи гардунам6 кунед. 
ДАР БОРАИ ОДОБ
Надонам, к-ин ҳама тарки адаб чист?
Ҳади худро намедонй, сабаб чист?
Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой, 
Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ дар миён ой.
Адаб ороиши афъол бошад, 
Адаб осоиши аҳвол бошад. 
Фурӯғи зоҳир’ аз ороиши ӯст, 
Фароги ботин2 аз осоиши ӯст.
Адаб маҷмуаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст. 
Ҳама корат ба қадри хеш бояд. 
ҚИТЪА ДАР САХТИИ ҲОЛИ ХУД
Оҳ, аз ин рӯзгори баргашта,
Ки зи ман лаҳза-лаҳза баргардад. 
Гар фалакро ба коми худ хоҳам, 


22 
У ба коми каси дигар гардад.
В-ар зи ҷоми нишот бода хурам, 
Бода хунобаи ҷигар гардад.
В-ар қадам бар бисоти сабза ниҳам, 
Сабза дарҳол нештар гардад.
Лек бо ин хушам, ки толеи ман,
Натавонад аз ин батар гардад.
Ҳамин тавр Бадриддин Ҳилолӣ дар замони беадолату бо 
шитдаткони замон зиндагонӣ кардааст, Дар ман он қадар 
маълумотҳо набуд, ки ҳар як сатрҳои хаёти онро бо суханҳои 
мавлоно ороиш диҳам. Ҳилолӣ Ҳамин қадар сухандон ҳасти, дар 
хикояти хаёти у хонда ба санъати сухандони у иасанно гуфтан 
мумкин халос. 

Download 0.83 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling