Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҷУМҲурияти ӯзбекистон донишгоҳи давлатии омӯзгории чирчиқ
Download 0.83 Mb. Pdf ko'rish
|
рррррр
6 БОБИ I. БАДРИДДИН ҲИЛОЛӢ 1.1.Зиндагиномаи Ҳилолӣ Бадриддин Ҳилолӣ яке аз ғазалсароён ва маснавигӯёни мумтози адабиёти форсу тоҷик. Бадриддин Ҳилолӣ тақрибан соли 875/1470 дар Астарободи Хуросон ба дунё омадааст. Падару бобои Ҳилолӣ дар шаҳри Астаробод зиндагии хоксоронае доштанд. Бадриддин Ҳилолӣ маълумиоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, дар овони ҷавонӣ тақрибан соли 897/1491 барои давом додани таҳсили илм ба Ҳирот меояд ва дар риштаҳои гуногуни дониш касби камол мекунад. Ҳангоме ки Ҳилолӣ ба Ҳирот омад, Ҷомӣ ва Навоӣ дар қайди ҳаёт буданд ва ба илму адаби кишвар роҳбарӣ мекарданд. Муаллифи «Таърихи хулосат-ул-ахбор» Муҳаммад Хондамир дар ин бора чунин мегӯяд: «Мавлоно Ҳилолӣ дар назми ғазал бебадал аст. Лекин дар ин айём забон аз гуфтори ашъор фурӯ баста ва аксар авқотро ба таҳсили улум сарф мекунад». Ҳилолии ҷавон абёти адибони бузурги гузаштаро аз бар намуд. «Хамса»-ҳои Низомию Амир Хусрав ва достонҳои Абдураҳмони Ҷомиро ба тамом аз ёд медонист. Бадриддин Ҳилолӣ бештари ҳаёташро дар Ҳирот гузаронд Оиладор шуда соҳиби фарзанд гардид. Доир ба ин масъала адиб дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ба тарзи зайл ишорат кардааст: Эй дурри шарар зи баҳри кавнайн Фарзанди азиз - қурратулайн. Бишнав сухани маро, ки панд аст, Панди падар аст, судманд аст. Ҳилолӣ хеле кам сафар кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ равшан мегардад, ки ӯ танҳо як маротиба ба Қандаҳор сафар карда, бо аҳли адаби он ҷой сӯҳбатҳо оростааст. Шоир марди сӯҳбаторо ва ҳозирҷавоб будааст. Чунонки муаллифи «Акбарнома» Муборак Алломӣ дар асараш зикр кардааст, ҳокими Қандаҳор 7 Мирзо Комрон базме ташкил мекунад. Дар он шоирон, олимон ва дигар аркони давлат иштирок доштанд. Ҳилолӣ ҳам ба базм ҳозир шуда, аз Мавлоно Наргисӣ болотар менишинад. Аз ин болонишинии Ҳилолӣ Мулло Наргисӣ меранҷад ва байти зерро навишта, ба дасти Ҳилолӣ медиҳад: «Нокасе гар аз касе боло нишинад, бок нест, З-он ки хас бар рӯйи обу зери дарё гавҳар аст». Ҳилолӣ фавран ҷавоб мегардонад: Ҳар кӣ ӯро табъ бошад, ҷойи ӯ болотар аст, Ҳар киро табъе набошад, ҷойи ӯ зери дар аст. Мирзо Комрон воқиф шуда, гуфт: «Чӣ гуфтугӯ доред?» Мулло Наргисӣ арз кард: «Имрӯз мулло Ҳилолӣ ҷойи худро надониста». Мирзо гуфтанд: - Эй мулло Ҳилолӣ, чаро надониста боло нишастӣ? Мулло Ҳилолӣ гуфт: - Ман дар ин ҷо тавзеҳҳо дорам. Мирзо гуфтанд: - Бигӯ! Гуфт: - Номи ман Ҳилол аст, номи эшон Наргис. Ҳилол дар осмон аст ва наргис дар замин бирӯяд. Дигар, шоирон абруро ҳилол гӯянд ва чашмро наргис, абру болои чашм аст. Аз ин сабаб боло нишастаам». Ҳамин тавр, шоир дар айёми ҷӯшу хурӯши эҷодӣ аз дасти шоҳони ҷоҳилу золим ҷони азизи хешро ба Ҷонофарин супорид, ки мо дар боло ҳикоят кардем. Имрӯз қабри шоир дар шаҳри Ҳироти Афғонистон барҷост, зиёратгоҳи аҳли хирад аст. |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling