Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Download 175.5 Kb.
bet7/7
Sana27.12.2022
Hajmi175.5 Kb.
#1069275
1   2   3   4   5   6   7
Bog'liq
Амалии 3 (4)

Машқи 1

Машқи 2



АҲАМИЯТ ВА ТАРЗҲОИ БА ҲИСОБ ГИРИФТАНИ
ДОНИШИ ТАЛАБАГОН
Ба ҳисоб гирифтани дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон қисми таркибии дарсҳои грамматика, имло ва инкишофи нутқ мебошад. Вай имконият медиҳад, ки муаллим дониши ҳар як фардро муайян намуда, оид ба пешравии он чораҳо ҷӯяд. Ин кор на танҳо дар бобати пешгирӣ кардани баъзе норасоиҳои дониши талабагон аҳамиятнок аст, инчунин ба пешравию сифати кори муаллим ҳам таъсири мусбат мерасонад. Баъди ҳар як баҳисобгирӣ муаллим ба кори худ аз нуқтаи назари танқид нигариста, ба таълими мавзӯъҳо иловаю ислоҳи зарурӣ медарорад. Масалан, баъди ба охир расидани таълими мавзӯи «Таркиби калима» (синфи II) муаллим дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагонро ба ҳисоб гирифта муайян менамояд, ки бачаҳо чиҳоро медонанду чиҳоро не, оид ба кадом материалҳо такрорро пурқувват карда, доир ба имлои кадом калимаҳо машқҳои амалиро бештар гузаронад. Дар вақти ба нақша даровардани мавзӯи минбаъда ҳамаи ин масъалаҳо дарҷ меёбанд.
Азбаски дар синфҳои ибтидоӣ грамматика, имло ва инкишофи нутқ як воҳиди бутунро ташкил карда, дар алоқаю вобастагии ҳамдигар таълим дода мешаванд, дар вақти ба ҳисоб гирифтан ҳам ҳар яки ин ҷузъҳо ба назар гирифта мешавад.
Дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон аз грамматика ва имло дар ҳар дарс ба ҳисоб гирифта мешавад. Хусусан, дарсҳое, ки ба такрору мустаҳкам намудани материалҳои гузашта бахшида мешаванд, ҳамин вазифаро ба ҷо меоранд. Илова бар он муаллим санҷишҳои алоҳидае ба нақша мегирад ва мегузаронад, ки мақсади онҳо ба ҳисоб гирифтани дониш, маҳорат ва малакаҳо мебошад.





Download 175.5 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling