Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон
Download 175.5 Kb.
|
Амалии 3 (4)
- Bu sahifa navigatsiya:
- Базми калимаҳо.
Тит шудани ҳарфҳо. Муаллим мегӯяд, ки ман барои шумо, бачаҳо, дар хона як калима фикр карда будам. Аммо дар роҳ ҳарфҳо аз дастам ғалтида тит шуданд. Акнун худам ҳам намедонам, ки он калима кадом буд. Ҳарфҳо ин хел тит шуданд: м р о д а
Бачаҳо ҳарфҳоро ҷо ба ҷо гузошта калимаи фикр карда шударо ёфта мехонанд (модар) ва бо ҳамин калима ҷумла мегӯянд ва ё ягон шеъри ба модар бахшидаро аз ёд мехонанд. Ҳамин тавр, калимаҳои Ватан, кабӯтар, замин ва ғайраро хонда ҷумлаҳо метавон гуфт. Базми калимаҳо. Қисми зиёди машғулиятҳои берун аз синфро ба калимаҳо, базму бозии онҳо бахшидан мумкин аст. Мазмун ин машғулиятҳо ба луғатомӯзӣ, кори лексикӣ ва грамматикӣ бахшида мешаванд. Дар натиҷаи ин машғулиятҳо захираи луғавии бачаҳо меафзояд, онҳо маъноҳои гуногуни калимаҳо ва мавқеи истифодаи онҳоро ёд мегиранд. Баъзан як предмет (калима)-ро интихоб намуда, мавзӯи як машғулият, қарор медиҳем. Масалан, калимаи «рӯбоҳ»-ро гирем. Муаллим расмашро ба бачаҳо нишон медиҳад ва мепурсад, ки дар хусуси ҳамин предмет чӣ медонем. Бачаҳо, албатта, баъзе маълумотҳо доранд. Рӯбоҳ ҳайвони ваҳшӣ буда дар ҷангалу бешазорҳо, буттаю чакалакзорҳо зиндагӣ мекунад. Рӯбоҳ бештар дар назди қишлоқҷойҳо ғор месозад, то ки шабҳо ба деҳа омада шикор кунад. Вай полезҳоро помол карда, мурғҳоро бурда мехӯрад. Ҳамин маълумоти умумии бачаҳоро ба назар гирифта таснифи калимаҳоро мегузаронем, ки онҳо ба предмет (рӯбоҳ) алоқаманданд.
Агар сифатҳои пусти рубоҳро ба ҳисоб нагирем, захираи луғавии талабагон аз ҳисоби 20-22 калима зиёд мешавад. Аммо машғулият бо номбар кардани аломату ҳаракати калимаи «рӯбоҳ» ба охир намерасад. Бо мақсади инкишофи нутки даҳанакӣ ва хаттӣ бачаҳо мазмуни ягон афсона ва ё ҳикояи ба рӯбоҳ бахшида шударо нақл мекунанд. Ҷумлахо тартиб медиҳанд. Download 175.5 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling