Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон
Download 175.5 Kb.
|
Амалии 3 (4)
Машгулиятҳои бозӣ. Бозиҳои дидактикии зиёде мавҷуданд, ки мо онҳоро чи дар дарс ва чи берун аз он бо мақсади инкишофи нутқи талабагон мегузаронем. Мазмуни ин бозиҳо дар синфи I асосан аз ҷудо кардани предметҳо ба гурӯҳҳо, аз рӯи савол муайян кардани категорияи калимаҳо, дуруст муайян намудани аломату ҳаракати предметҳо ва ғайра иборатанд. Як қисм бозиҳоро худи ғалатҳои талабагон пешниҳод мекунанд. Масалан, партофтан ва иваз кардани ҳарфҳо дар навишт...
Дар синфи II баробари ин боз бозиҳои дидактикии дигар, ба монанди калимаҳои шаклан монанд (омонимҳо), калимаҳо-дӯст (синонимҳо), калимаҳо-душман (антонимҳо)-ро метавон гузаранд. Як қисм бозиҳо дар синфи II вобаста ба мавзӯи «Таркиби калима» гузаронда мешаванд. Дар синфи III, ки доираи мавзӯъҳои грамматикӣ-имлоӣ чи аз ҷиҳати миқдор ва чи аз ҷиҳати мазмун васеъ мегарданд, доираи бозиҳо ҳам васеъ мешавад. Пеш аз ҳама як қадар бозиҳое мегузаронем, ки онҳо характери лексикӣ дошта бошанд ва барои омӯхтану мустаҳкам кардани таркиби калима ва ҳиссаҳои, нутқ нигаронда шуда бошанд. Баъзан муаллим дар ҳангоми бозиҳо дар хусуси он гап мезанад, ки баъзе калимахо кӯҳна щуда мераванд, қисми дигарашон навакак дохил мешаванд. Ҳамин тавр, бозиҳо, ки доир ба лексика гузаронда мешаванд, машғулиятҳои ҳақиқии омӯхтани забон мегарданд. Муаллим метавонад як қисм бозиҳои дигар ташкил намояд, ки мақсади онҳо инкишофи нутқ ва маданияти он мебошад, масалан: «Калимаҳои муҳим ва зарур», «Калимаҳои зарарнок», «Нутқи моро чӣ вайрон мекунад», «Захираи луғавии кӣ зиёдтар?» ва ҳоказо. Фосилаи байни машғулиятҳо дар синфҳои ибтидоӣ набояд дур шавад. Беҳтараш, ҳафтае як маротиба ташкил кардан лозим аст. Давомнокии чунин машғулиятҳо 35-40 дақиқа кифоя мебошад. Дар машғулиятҳои берун аз синф ба ҷавоби бачаҳо баҳо додан лозим. Баҳо ба тариқи хол дода мешавад. Чанд хол гирифтани талаба ба душвории савол ва тарзи ҷавоб вобаста аст. Барои муаллим аз ситорачаҳо байрақчаҳои аз коғаз буридаги ва ё расмҳои почтагӣ истифода мебарад, яъне агар ба ҷавоби талаба як хол доданӣ бошем, як ситорача ва ё байрақча медиҳем. Дар охир маълум мешавад, ки касе бисёртар чиз гирифта бошад, холи бисёрро ҳамон гирифтааст. Холҳоро на танҳо ба бачагони алоҳида, инчунин ба қаторҳои ситорачаҳо, гурўҳҳо низ медиҳем. Дар охири ҳар як машғулият муаллим вазифаи хонагӣ месупорад. Бачаҳо метавонанд то машғулияти оянда чистону шеърҳо навишта оянд ва ё расмҳо гирд оранд. Мазмуни машғулиятҳо ба қисмҳои забонамон дар синфҳои ибтидоӣ (овоз ва ҳарфҳо, калима, ҷумла, нутқи алоқанок) мутобиқ кунонда шуда бештар дар шакли бозиҳои дидактикӣ гузаронида мешаванд. Инак, чанде аз он машғулиятҳоро меорем. Download 175.5 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling