Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Download 175.5 Kb.
bet5/7
Sana27.12.2022
Hajmi175.5 Kb.
#1069275
1   2   3   4   5   6   7
Bog'liq
Амалии 3 (4)

Маъноҳои калима. Талабагон бо калимаҳаи зиёде вомехӯранд, ки шаклан як хел навишта шуда бошанд ҳам, ба маъноҳои гуногун меоянд. Муаллим ба хонандагон расмҳои анор (мева), Анор (номи духтарак), лола
(гул), Лола (номи духтарак), асо (асбоби такья), Асо номи (писарак), товус (парранда), Товус (номи духтарак) ва ғайраро нишон медиҳад. Маълум аст, ки ин калимаҳо сермаъноанд ва яке дар натиҷаи ба дигаре тақлид кардан пайдо шудааст. Барои мисол, калимаи «асо»-ро гирем. Худи бачаҳо медонанд ва нақл мекунанд, ки чаро одамони калонсол асо мегиранд. «Бобои ман ҳам асо доранд»,- мегӯянд як қисмашон. Вале чаро ана ба ин бачаяк Асо ном мондаанд? Зеро ин ҳам дар вақти пирии падару модараш ба онҳо асо гардад, яъне онҳоро нигоҳубин бошад.
ҳамин тавр, маъноҳои калимаҳоро шарҳ дода истода ба қисми дигари онҳо дучор мешавем, ки ба ду не, ба се-чор маъно меоянд. Муаллим расмҳои зеринро дар тахтаи синф мечаспонад:
1.Ситораҳои осмон
2.Ситораи панҷгўша
3.Ситора (духтарак)
4.Ордени ситораи тилло.
Бачаҳо расмҳоро мушоҳида мекунанд ва қисман ба маъноҳои гуногуни калимаи «ситора» сарфаҳм мераванд. Лекин барои мактаббачаи хурдсол маънои хар як калима дар ҷумла, матн равшантар мегардад. Бинобар он бо ҳар яки ин «ситораҳо» ҷумла тартиб додан беҳтар аст.
1. Дар осмони соф ситораҳо чашмак мезананд. 2. Мо расми ситораро кашидем. 3. Ситора духтари доно ва зирак аст. 4. Падарам ордени Ситораи Тиллоӣ дорад.
Дар ин ҷумлаҳо калимаи «Ситора» барои ифодаи предметҳои гуногун ва маъноҳои ҳархела омада бошад ҳам, онҳо бо якдигар наздикие доранд ва аз ягон ҷиҳат алоқаманданд. Аммо калимаҳои дигаре маҷуданд, ки дар мавриди як хел навиштан ҳам маъноҳои онҳо ба якдигар муносибате надоранд.
Масалан, омонимҳоро (термин номбар карда намешавад) гирем.
Ҷумлаҳо: 1. Падари Фирӯз чанг менавозад. 2. Машина чанги роҳро ба ҳаво бардошт. 3. Ба пои Қосим хор халид. Ӯ хори пояшро мегирад. 4. Бачаҳои синфи мо дар хори мактаб иштирок мекунанд.
4-5 машғулияти берун аз синфро ба синоним (офтоб, хуршед; олам, ҷаҳон, дунё); калимаҳои муқобилмаъно (пасту баланд, сафеду сиёҳ, дӯсту душман, ҷангу сулҳ) бахшидан мумкин аст.
Дар ин гуна машғулиятҳо бозиҳо дидактикии грамматикӣ, ребусҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Масалан, аз калимаҳои ҷисм, қисм номи як ҳиссаи нутқ созед. (Агар ҳарфҳои аввали ин калимаҳо (ҷ, к)-ро партоем, номи ҳиссаи нутқи исм боқӣ мемонад.

Download 175.5 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling