Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон
Download 175.5 Kb.
|
Амалии 3 (4)
- Bu sahifa navigatsiya:
- Савол ва супоришҳо
- ДАҚИҚАҲОИ ҶИСМОНӢ
Баҳси се ҳиссаи нутқ. Як рӯзи зимистон буд. Се ҳиссаи нутқ -исм, сифат, феъл дар як ҷо ҷамъ омаданд. Дар байнашон баҳси сахте ба амал омад.
Ба ҳамааш исм гунаҳқор. Баҳсро ӯ сар кард. Ман,- гуфт исм,- ҳиссаи нутқи аввалинам. Маро бачаҳо аз ҳама пеш меомӯзанд ва медонанд. Бе ман ҳар дуи шумо нестед. Не,- гуфт сифат.- Ана гӯш кун агар ман набошам, бачаҳо аз куҷо медонанд, ки ту зебоӣ, тозаӣ, ё ки чиркин; чаққонӣ, далерӣ, зиракӣ ё ки танбал. Бинобар ин бе ман ту вуҷуд надорӣ. Гапи ҳар дуят маъқулкуя,- гуфт феъл.- Вале гӯед, ки агар ман набошам, шумо чӣ хел ҳаракат мекунед, гап мезанед, механдед. Ана ман, ки ҳаракатам, биёед ба назди бачаҳо меравем. Бигузор онҳо гӯянд, ки кадоми мо асосӣ ва кадомамон ғайри асосием. Маслиҳати феъл ба Исму Сифат маъқул шуд. Онҳо назди бачаҳо омаданд, то ки ҷанҷолашонро яктарафа кунанд. Канӣ, бачаҳо, шумо ҳар сеи ин ҳиссаҳои нутқро омӯхтед. Гӯед, ки даъвои кадомашон маъқул аст? Чи тавре ки маълум аст, мактаббачагони хурдсол тоқати 40-45 дақиқа нишаста кор кардан надоранд. Дар ин мддат фаъолияти амалии бачаҳо чандин карат иваз шуда меистад. Дар байни амалиётҳои гуногун машқҳои дамгирӣ ё дақиқаҳои дамгирӣ роли муҳимро мебозанд. Ин гуна машқҳо ҳам дар ҷараёнии дарс ва ҳам машғулиятҳои берун аз дарс гузаронида мешаванд. Савол ва супоришҳо: Зарурияти ҷорӣ намудани машғулиятҳои берун аз синф дар синфҳои ибтидоӣ аз чӣ иборат аст? Оиди навъҳои машғулотҳои берун аз синф маълумот диҳед. Нақшаи дарси машғулоти берун аз синфро кашед. ДАҚИҚАҲОИ ҶИСМОНӢ Дар синфҳои ибтидоӣ қариб дар ҳамаи дарсҳо аз дақиқаҳои ҷисмонӣ истифода мебаранд. Бачаҳо аз ҷой хеста 3-4 машқ иҷро мекунанд ва бо сурудҳои зерин ҷамъбаст менамоянд: Яку дую се Мо зӯрем хеле. Мегирем баҳои «4» ва «5» Лозим нест баҳои «се». Ё худ: Мо навиштем бору бор Дастҳо монда шуд зи кор. Яку дую сею чор Менамоем боз такрор. Чунинанд хелҳои машқҳои дамгирии нисбатан маълум. Вале мо боварӣ дорем, ки дар таҷрибаи амалии муаллимон боз намудҳои дигари ин машқҳо истифода карда мешаванд. Дар мавриди самаранок ташкил ва гузарондани машқҳои дамгирӣ бачаҳо натанҳо камакак дам гирифта боз аз нав ба меҳнати ҷиддии фиқрӣ шурӯъ менамоянд, инчунин онҳо матни шеъру таронаҳои зиёдеро аз ёд карда нутқашонро инкишоф медиҳанд. Дар синфҳои ибтидоӣ мувофиқи таъкиди методистон баъди ҳар 10-15 дақиқа гузаронидани машқҳои ҷисмонӣ аз фоида холӣ нестанд. Омўзгорон аз ду машқи поении низ истифода бурданашон мумкин. Ин машқҳо содда буда барои ба ҳаракат даровардани роҳҳои хунгарди панҷаҳои хонандагони хурдсол кўмак мерасонад. Download 175.5 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling