Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Оид ба ҳарфҳо ва ҷои онҳо


Download 175.5 Kb.
bet3/7
Sana27.12.2022
Hajmi175.5 Kb.
#1069275
1   2   3   4   5   6   7
Bog'liq
Амалии 3 (4)

Оид ба ҳарфҳо ва ҷои онҳо. Ҳар як ҳарф дар калима ҷои истифодаи худро дорад. Ин қоидаи умумиро на ҳамаи мактаббачагони хурдсол медонанд. Илова бар он, агар донанд ҳам, дар натиҷаи бетаҷрибагӣ ё бемасъулиятӣ ба он риоя намекунанд. Инро ба бачаҳо чи тавр фаҳмонем, то ки онҳо минбаъд эътибор диҳанд, хато накунанд.

  • Бачаҳо, - мегӯяд муаллим, - ҳафтаи гузашта ҳамаамон ба боғ рафта будем. Таъкид карда будем, ки чизхои дидагию шунавидагиатонро бо 3-4 ҷумла нависед. Қисми зиёди шумо ҷумлаҳои хуб тартиб додед, ҳатто базеҳо иншо навиштаанд. Аммо як нафар аз синфи мо ин тавр навиштааст (муаллим болои ҷумлаҳои талабаро, ки 'пешакӣ дар тахтаи синф навишта монда буд, мекушояд) Ана он ҷумлаҳо. Хомӯшона хонед ва баъд гӯед, ки хатто дар чист ва тарзи дурусташ чи хел мешавад.

Зимистон буд. Мо ба зоғ рафтем. Ҳама ҷо — барф. Як боғ карқар гуфта парид.
Як дақиқа нагузашта синф ба ҷунбиш меояд. Баъзеҳо механданд.

  • Барои чӣ механдед?

  • Навиштааст, ки ба зоғ рафтем. Ба зоғ не ба боғ лозим,

  • Навиштааст, ки як боғ қар гуфта парид. Боғ намепарад. Зоғ мепарад.

  • Дуруст. Чӣ кор кунем? Калимаи «боғ»-ро хат зада «зоғ»

нависем-мӣ?

  • Не. Танҳо ҳарфи аввалро ислоҳ мекунем: ба ҷои ҳарфи “з” ҳарфи «б» ба ҷои ҳарфи «б» ҳарфи «з» менависем.

  • Хеле хуб. Ана дидед, бачаҳо дар натиҷаи бедиққатӣ чӣ хел хатои дағал шудааст. Ҳарфҳо, ки дар ҷои худ навишта нашудаанд, маънои калимаҳо вайрон шудааст. Ҳол он ки мо маънои «зоғ» ва «боғ»-ро медонем-а? (муаллим расми боғ ва расми зоғро дар тахтаи синф мечаспонад.

Акнун ин ҷумлаҳоро хонед (ҷумлаҳо пешакӣ навишта монда шудаанд) ва гӯед, ки оё ҳамаи калимаҳо дуруст навишта шудаанд?
ҳаво тунук шуд. Бачаҳо либоси парм пўшиданд. Шаб борик аст. Мо дар кафтар менависем. Модарам гӯштгирьён кард. Шитоб сарчашмаи дониш аст. Қабза дамид. Соҳиб одами бағал нест. Мо гӯшачинӣ рафтем.
Бачаҳо ҷумлаҳоро хонда мефаҳманд, ки дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани ҳарфҳои т, ч, б, к, г, ш, к, б, г калимаҳо тамоман маънои дигар
гирифтаанд. Муқоиса кунед: Тунук- хунук парм - гарм борик-торик кафтар- дафтар гирьён - бирьён шитоб - китоб қабза - сабза бағал - дағал
гӯшачинӣ-хӯшачинӣ

Download 175.5 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling