Хусусиятҳои достони лирикӣ:
| |
1.
|
Ба масъалаҳои хеле муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқи аҳли замон бахшида мешавад.
|
2.
|
Дар достони лирикӣ силсилаи масъалаҳои узван алоқаманд ва ё моҳиятан вобастаи ҳамдигар ба миён гузошта мешаванд.
|
3.
|
Дар ҳалли масъалаи воқеа мисолу далели мушаххаси зиндагӣ барои хулосаҳои ҷиддии қаҳрамони лирикӣ хизмат менамоянд.
|
4.
|
Достони лирикӣ хусусияти фалсафиро дорад.
|
5.
|
Дар ин гуна достонҳо шоир силсилаи образҳоро офарида метавонад.
|
6.
|
Дар маркази ҳамаи образҳои лирикӣ худи қаҳрамони лирикӣ қарор мегирад. Инчунин дар достони лирикӣ ягонаву яклухтии масъала чизи аз ҳама муҳим буда, воситаҳои ифодаи онҳо гуногунанд.
|