Адабиёти бадеӣ ва фарқи он аз навъҳои дигари санъат мавзӯъ: адабиёт 7


Download 7.44 Mb.
bet10/17
Sana20.09.2023
Hajmi7.44 Mb.
#1682495
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   17
Bog'liq
Мавзӯъ. Адабиёти бадеӣ ва..

ПОВЕСТ
Шарҳи луғат
Повест – асари бадеии аз ҷиҳати ҳаҷм аз роман хурдтар.
АДАБИЁТ 7
ЖАНРҲОИ ЭПИКӢ
Достон онро гоҳе “дастон” ҳам мегӯянд, ки дар забони тоҷикӣ маъниҳои бисёр дорад.
Чун истилоҳи жанри адабӣ достон барои ду ҷинси адабӣ: эпикӣ ва лирикӣ муштарак мебошад. Яъне дар баробари достонҳои маъмули эпикӣ боз достонҳои лирикӣ ҳам ҳастанд.
Достонҳои эпикӣ ду хел мешаванд: хурд ва калон. Одатан, достонҳои калонро дар қатори роман мегузоранду достонҳои хурдро дар радифи повест.
Дар адабиёти таълимӣ ба гурӯҳи мӯҳташами эпикӣ танҳо ду жанри адабӣ мансуб дониста мешавад, ки яке роман ва дигаре достони калон аст.
ДОСТОН
Шарҳи луғат
Роман – достони бадеии мансур, ки ягон раванди мураккаби ҳаётӣ ё чандин ҳодисаи аз зиндагӣ гирифташуда ва инкишофи онҳоро тасвир мекунад.
Роман калонтарин жанри ҳамосавӣ буда, воқеаи яклухт ва тафсилёфтаро дар бар мегирад. Замону макони воқеаҳо васеъ ва серҳудуд мебошанд. Сужети роман хеле мураккаб аст. Дар он тамоми унсурҳои сужет дида мешаванд. Нависанда дар роман якчанд хатти зиддиятро кашида, онҳоро ба якдигар мепайвандад, якеро тавассути дигаре тақвият медиҳад. Дар асоси ҳалли як зиддият барои зиддияти дигаре замина фароҳам меоварад.
Роман мавзӯъҳои зиёдеро фаро гирифта, доир ба воқеаҳои таърихӣ, масъалаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ, ишқӣ ва ғайра навишта мешавад.
Роман
АДАБИЁТ 7
ЖАНРҲОИ ЭПИКӢ
Достони мӯҳташам аз ҷиҳати ғунҷоиши масъала ва унсурҳои эҷоди бадеӣ баробари роман мебошад. Шоир барои офариниши образу хислатҳои барҷастаи бадеӣ ба воқеа, сужет, зиддият, амалиёти персонажҳо вусъат мебахшад. Аммо бинобар чорчӯбаи назм дар достон тасвири муфассали ҷузъиёт камтар дида мешавад.
ДОСТОНИ МӮҲТАШАМ
Эпопея якчанд нишона дорад. Аз ҷумла, воқеа бояд аз рӯйи моҳият ва миқёси худ тақдири таърихии халқро таҷассум намояд. Ғояи он ба дараҷае бошад, ки нависанда тавассути ҳалли масъала роҳҳои беҳбудии минбаъдаи ҳаёти халқро нишон дода тавонад. Характер ба пояе расида бошад, ки санъаткор ба туфайли офариниши силсилаи образҳои комили бадеӣ, олами ботинӣ, дороии маънавии халқашро эътимодбахш таҷассум карда тавонад
ЭПОПЕЯ
Ҷинси драма (калимаи юнонӣ буда, маънояш амалиёт, ҳаракат аст) мушкилтарин ҷинси адабӣ ба шумор меравад. Мунаққиди рус В.Г. Белинский драмаро “тоҷи санъат” номидааст. Инкишофи ин ҷинси адабӣ ба тараққиёти театр ва пешрафти завқу салиқаи аҳли ҷамъият сахт вобаста аст. Он ҳамчун ҷинси алоҳида бо ҷузъиёти миқдориву зоҳирии худ аз ҳамоса фарқ мекунад. Муколама дар драма мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Download 7.44 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   17




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling