Адабиёти бадеӣ ва фарқи он аз навъҳои дигари санъат мавзӯъ: адабиёт 7


Download 7.44 Mb.
bet8/17
Sana20.09.2023
Hajmi7.44 Mb.
#1682495
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   17
Bog'liq
Мавзӯъ. Адабиёти бадеӣ ва..

Булбуле биншаста дар тарфи чаман,
Доимо мегуфт бо ҷуфт ин сухан:
Мо зи сармои зимистон растаем,
Дил ба уммеди баҳорон бастаем.
Мо рухи зебои гул хоҳем дид,
Гул дар ин бӯстон басе хоҳем чид.
Ин сухан будаш ҳанӯз к-андар забон,
Бошае омад, рабудаш ногаҳон.
Дар даҳони боша булбул гуфт боз,
Умр кӯтаҳ бину уммеди дароз.
Қадимтарин намунаи тамсил дар адабиёти классикии мо қиссаи “Дарахти Ассурик” мебошад. Инчунин падидаҳои тамсилиро дар “Калила ва Димна”-и Абулмаолии Насруллоҳ, “Тӯтинома”-и Зиёуддини Нахшабӣ ва гоҳо дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ дидан мумкин аст. Тамсил ҳам ба тариқи назм ва ҳам ба тариқи наср эҷод мешавад.
ТАМСИЛ
Шарҳи луғат
Тамсил – мисол овардан, ташбеҳ кардан;
2. достонеро ҳамчун масал нақл кардан.
АДАБИЁТ 7
ЖАНРҲОИ ЭПИКӢ
Баллада дар муқоиса бо жанри латифа ва тамсил дорои сужет мебошад. Жанри мазкур як силсила воқеаҳои дар атрофи сужети муайян қарор доштаро ифода мекунад. Вале дар он ҷараёни ҳаматарафаи образ дида намешавад, балки нависанда онро ба шакли ҷамъбаст нишон медиҳад. Дар адабиёти муосири тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода дар ин навъи адабӣ асарҳо эҷод кардаанд.
БАЛЛАДА
Шарҳи луғат
Ҳикоя – нақл, қисса, ривоят.
Он аз воқеаи нисбатан хурд, аммо яклухту том иборат аст. Ҳамаи лаҳзаву қисматҳои воқеа бо ҳам алоқаманд ҳастанд. Муҳимтарин хусусияти ҳикоя дар он аст, ки дар вай воқеа аз нуқтаи замону макон, ҳаҷму ҳудуд ва моҳияти худ яклухт мебошад.
Сужети ҳикоя равшан аст, аммо он таркибан содда буда, аз чандин хат фароҳам омада наметавонад. Ҳикоя аз нуқтаи назари мавзӯъ, моҳият, рӯҳи ғоявӣ шаклҳои гуногун дорад. Чунончи, ҳоло дар адабиёти халҳои олам ҳикояҳои ахлоқӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, воқеӣ, ишқӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра маъмуланд. Жанри ҳикоя дар таърихи адабиёти тоҷик таърихи қадима дорад. Намунаи барҷастаи жанри ҳикояро дар “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, “Қобуснома”-и Кайковус, ”Чаҳор мақола”-и Низомии Арӯзии Самрқандӣ ва дигар китобҳои адабию бадеӣ, таърихӣ ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.

Download 7.44 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   17




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling