Адабиёти бадеӣ ва фарқи он аз навъҳои дигари санъат мавзӯъ: адабиёт 7


ФАРҚИ АДАБИЁТИ БАДЕӢ АЗ НАВҲОИ ДИГАРИ САНЪАТ


Download 7.44 Mb.
bet5/17
Sana20.09.2023
Hajmi7.44 Mb.
#1682495
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17
Bog'liq
Мавзӯъ. Адабиёти бадеӣ ва..

ФАРҚИ АДАБИЁТИ БАДЕӢ АЗ НАВҲОИ ДИГАРИ САНЪАТ
Аммо асари бадеӣ бар хилофи маҳдудияти санъатҳои рассомию ҳайкалтарошӣ ба ҷойҳои нозук ва дастнораси ниҳонхонаи олами ботинии инсон даст мезанад, торҳои нозуки эҳсосоти ӯро бо тамоми мураккабиҳояш ба ҷилва меорад. Мусиқӣ низ аз бисёр ҷиҳатҳо ба назм наздик аст, аммо он ҳам аз адабиёти бадеӣ фарқ дорад. Мусиқӣ монанди назм ба дилу ҷони шунаванда роҳ ёфта, тобишҳои нозуки ҳиссиёту кайфияти одамро фаро гирад ҳам, аммо дар бораи воқеа ва рафти ҳодисаҳои тасвиршаванда тасаввуроти равшану мукаммал ба вуҷуд оварда наметавонад. Дар ин бобат он аз назм оҷизтар аст. Ин вазифаи болоиро фақат каломи бадеъ, сухани адабии тасвирӣ ба ҷо меоварад.
Маърифат – дониш, илму дониш.
Шарҳи луғат
Мӯъҷизаосо - мӯъҷизамонанд, шабеҳи мӯъҷиза; ҳайратовар.
АДАБИЁТ 7
ФАРҚИ АДАБИЁТИ БАДЕӢ АЗ ИЛМ
Маълум аст, ки тафаккури инсонӣ ду хел мешавад: илмӣ ва бадеӣ - эҷодӣ. Тафаккури илмӣ аз тафаккури бадеӣ -эҷодӣ фарқи калон дорад. Илм ҳақиқати зиндагиро ба тариқи ҷамъбастҳои илмӣ ва бо далелҳои мантиқӣ ҷамъбаст мекунад. Санъату адабиёт бошад, олами ҳастиро ба воситаи тасвири манзараю лавҳаҳои зиндаи воқеият, ба воситаи образҳои бадеӣ нишон медиҳад. Аз ин рӯ, образро ҳамчун шакли дарк намудани ҳаёт ва инъикоси фикри санъаткор аломати фарқкунандаи санъату адабиёт медонанд.
Фарқи илму адабиёти бадеиро аз ҳамин хусусияти асосии санъату адабиёт ҷустан ба мақсад мувофиқ аст. Маҳз барои ҳамин эҳсоси қабули шоир ва дақиқназарию мушоҳидакории ӯ амиқу рангин ва хаёлу фантазияаш бою ғанӣ мебошад.
Вазифаи санъаткор исботи ҳақиқат набуда, дар образҳо нишон додани он аст. Ин ҷараёнро Гегел «санъат ба воситаи образ фикр намудан аст» гуфта буд.
Ба фикри В.Г.Белинский санъат монанди илм ба моҳияти объективии зиндагӣ чуқур ғӯта хӯрда, ҳодисаҳои ҳаётро низ таҳлил менамояд.
Санъаткор ҳам мисли олим аз мушоҳидаҳои худ хулосаҳо мебарорад. Аммо фарқи байни санъат ва илм «фақат дар сари усули омӯхтану кор кардани ин ё он мазмуни муайян аст».
АДАБИЁТ 7

Download 7.44 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling