Адабиёти бадеӣ ва фарқи он аз навъҳои дигари санъат мавзӯъ: адабиёт 7
Download 7.44 Mb.
|
Мавзӯъ. Адабиёти бадеӣ ва..
- Bu sahifa navigatsiya:
- НОВЕЛЛА Шарҳи луғат Новелла
ҲИКОЯ
АДАБИЁТ 7 ЖАНРҲОИ ЭПИКӢ Новелла (калимаи итолиёвӣ буда маънии навигариро дорад) дар илми адабиётшиносӣ дар сарҳади ҳикоя қарор дорад, вале новелла бо хусусиятҳои зерини худ аз ҳикоя фарқ мекунад: 1. Тасвири баёни новелла хеле мӯҷаз аст. 2. Новелла бештар дар мавзӯи сиёсиву иҷтимоӣ навишта мешавад. Масъалаю воқеаи тасвиршаванда воқеан ҷузъист ва ба одами алоҳида дахлдор асту бас. Вале аз нигоҳи дигар воқеа ва масъалаҳои фарогирандаи новелла ба пояи ҷомеа, зиндагии имрӯз ва фардои халқ алоқаманд аст. 3. Дар новелла воқеа аз забони шахси якум баён мешавад ва ҳодисаю ҳолат зинда, ҳаяҷонангез тасвир меёбад. 4. Новелла ба романтизим бештар наздик аст. 5. Новелла аксаран дар атрофи як воқеа сохта мешавад. Пас аз жанрҳои хурд жанрҳои миёнаи ҳамосавӣ меоянд, ки инҳо повест ва достон мебошанд. Дар адабиётшиносии гузашта асарҳои сервоқеаю сермоҷароро қисса мегуфтанд, ки ҳоло он ба жанри мустақил - повест ва роман мансуб мебошад. Дар адабиётшиносии муосири тоҷик гоҳе ба ҷои повест қиссаро истифода мекунанд, ки он дар ҳадди истилоҳии худ пурра содиқ нест. НОВЕЛЛА Шарҳи луғат Новелла – навъи жанри хурди адабии ба ҳикоя монанд. АДАБИЁТ 7 ЖАНРҲОИ ЭПИКӢ Повест дар миёни ҳикоя ва роман қарор дорад. Дар ин жанри эпикӣ як воқеаи том ва ё силсилаи воқеаҳои бо ҳамдигар сахт алоқаманд тасвир меёбад. Фарқи повест аз ҳикоя дар он аст, ки доираву ҳудуди вай аз ҳар ҷиҳат васеъ мебошад. Нависанда воқеаро ҳам аз нуқтаи назари замон ҳам макон вусъат дода метавонад. Аммо аз ҳама муҳимтараш ин аст, ки воқеаи повест ҳатман мазмуни васеъ дорад, он ба тариқи ошкор хусусияти иҷтимоӣ зоҳир менамояд. Аз повестҳои устод Айнӣ “Одина”, “Марги судхӯр”, Сотим Улуғзода “Ривояти суғдӣ” ва ғайра ҳар кас равшан мебинад, ки домани воқеа хеле васеъ мебошад ва он ба сохти иҷтимоӣ, таърих, сиёсат мепайвандад. Азбаски сужету зиддияти повест мураккаб асту воқеа бисёр дорад, дар он персонажи зиёд амал мекунад. Ин ҷо ғайр аз амалиёти персонажҳои марказӣ боз ҳаракату рафтори чандин каси дигар тасвир меёбад. Миқдори персонажҳои баъзе повестҳо аз даҳҳо нафар мегузарад. Download 7.44 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling