“Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст”.
ФАРД
Дубайтӣ - жанрест, ки ҳаҷми он чор мисраъ буда, ҳамагӣ дар як вазни муқаррарӣ (ҳазаҷи мусаддаси мақсур (маҳзуф) мафоилун / мафоилун / фаӯлун) эҷод мешавад. Он ҳама вақт бо ҳиҷои кӯтоҳ оғоз меёбад:
Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,
Ҳар он чи дида бинад дил кунад ёд.
Бисозам ханҷари тезе зи фӯлод,
Занам бар дида, то дил гардад озод.
Устодони дубайтисарои адабиёти классикии мо Хоҷа Абдуллоҳи
Ансорӣ, Бобо Тоҳири Урёнӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Фоизи
Даштистонӣ ва ғайра мебошанд.
ДУБАЙТӢ
Дубайтӣ – шеъри дорои ду байт ё чаҳор мисраъ, ки ба вазни ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур (мафоӣлун мафоӣлун мафоил ё фаӯлун) гуфта шудааст.
Шарҳи луғат
АДАБИЁТ 7
ЖАНРҲОИ ЛИРИКӢ
Рубоӣ - аз шумораи чори арабӣ (рубъ) гирифта шуда, чун дубайтӣ аз чор мисраъ иборат аст. Он низ дар баҳри ҳазаҷ гуфта мешавад. Рубоӣ бо ҳиҷои дароз оғоз гардида, ду шаҷараи эҷод ахраб (мафъӯлу) ва ахрам (мафъӯлун) дорад.
Шамс Қайси Розӣ дар китоби машҳури худ “ал-Мӯъҷам” қайд кардааст, ки ихтироъкори рубоӣ устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакист. Мисоли ин рубоӣ аз Рӯдакӣ:
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туам на ақл барҷост, на дил.
Ин ғам, ки турост, кӯҳи Қоф аст, а ғам,
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.
РУБОӢ
Рубоӣ - навъе аз шаклҳои қадими шеъри форсӣ-тоҷикӣ, ки дар 24 вазни шаҷараи ахрабу ахрами баҳри ҳазаҷ гуфта шуда, аз чор мисраъ иборат аст ва мисраъҳои 1, 2 ва 4-уми он ҳамқофия ва қофияи мисраи 3-юмаш аксар озод аст.
АДАБИЁТ 7
ЖАНРҲОИ ЛИРИКӢ
Қитъа жанри лирикиест, ки дар бораи масъалаҳои гуногуни зиндагӣ, бештар аз ҳама панду ахлоқ, ҳодисаҳои таърих, муҳаббат, ҳасби ҳол ва ғайра эҷод мешавад.
Ин навъи лирикӣ ҳудуди муайян надорад, аммо ҳадди аввали он ду байт аст. Он дар вазнҳои гуногун навишта мешавад. Дар адабиёти классикӣ аз рӯйи қолаби қитъа моддаи таърих зиёд гуфтаанд. Дар асарҳои насрии ахлоқии форсӣ, шоироне мисли, Саъдиву Ҷомӣ ва дигарон хулосаҳои тарбиявии худро дар ҳикоёт тариқи қитъа баён кардаанд. Монанди ин қитъаи Саъдӣ дар «Гулистон»:
Do'stlaringiz bilan baham: |