Адабиёти бадеӣ ва фарқи он аз навъҳои дигари санъат мавзӯъ: адабиёт 7


Инъикос - акс ёфтан, намудор шудани шакли чизе дар ҷисми шаффоф, об, оина ва ғайра. Шарҳи луғат


Download 7.44 Mb.
bet4/17
Sana20.09.2023
Hajmi7.44 Mb.
#1682495
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17
Bog'liq
Мавзӯъ. Адабиёти бадеӣ ва..

Инъикос - акс ёфтан, намудор шудани шакли чизе дар ҷисми шаффоф, об, оина ва ғайра.
Шарҳи луғат
АДАБИЁТ 7
АДАБИЁТШИНОСӢ ВА ҚИСМҲОИ ОН
Илме, ки пайдоиш, хусусиятҳои адабиёти бадеӣ, қонуниятҳои ҷараёни таърихии адабӣ ва асосҳои иҷтимоию ҳаётии онро меомӯзад, адабиётшиносӣ ном дорад. Дар маркази диққати ин илм бояд, ки намунаҳои беҳтарини адабиёти классикии мумтоз қарор гирад.
Адабиётшиносӣ аз се қисми асосӣ ва чанд қисми дигари ёридиҳанда иборат аст. Қисмҳои асосии он назарияи адабиёт, таърихи адабиёт ва танқиди адабӣ мебошанд. Ба қисмҳои ёридиҳандаи он илмҳое чун матншиносӣ, сабкшиносӣ, сарчашмашиносӣ ва китобшиносӣ дохил мешаванд.
Иштиқоқ – сохтани калимае аз калимаи дигар; яке аз санъатҳои бадеии лафзиест, ки шоир ё нависанда якчанд калимаро зикр мекунад, ки а як реша ба миён омадаанд.
Шарҳи луғат
Маҳдуд – он чи ҳадду ниҳоят дорад.
АДАБИЁТ 7
ФАРҚИ АДАБИЁТИ БАДЕӢ АЗ НАВҲОИ ДИГАРИ САНЪАТ
Адабиёти бадеӣ аз навъҳои дигари санъат бо усул ва тарзи эҷоди образҳо фарқ мекунад. Сабаби ин дар он аст, ки образҳои адабиёти бадеӣ бевосита ҳис карда намешаванд, ба назар наменамоянд, шунида намешаванд. Одам меъморӣ, расм, рақс барин навъҳои санъатро бевосита мебинад, мусиқӣ ва сурудро мешунавад. Инсон ҳангоми мутолиаи ҳикоя, қироати ғазал кӯшиш менамояд, ки маъниҳои дар онҳо ниҳон бударо фаҳмад. Танҳо баъди он образи бадеиро – манзараҳои ҳаёти инсониро тасаввур менамояд.
Мусаввир ва ё ҳайкалтарош қиёфа ва пайкараи одамонро офарида, ба туфайли тасвири ҳолати вуҷуд ва ифодаи рӯю чашми вай олами ботинии ӯро ба андеша мегирад. Рассом бо қалами мӯъҷизаосо, бо рангомезиҳои нақш расми зебои ҳаётро мекашад ва манзараҳои дилфиреби табиатро ҷовидонӣ мегардонад. Ҳайкалтарош муҷассамаи одамонро аз санг офарида, сурат ва сирати онро ба муҳокима мегирад. Аммо на рассом ва на ҳайкалтарош бо ин ҳама ҳунармандӣ тамошобинро ба олами афкор, эҳсос ва сирру асрори ниҳону мураккаби ботини одам шинос карда наметавонанд. Онҳо ба воситаи намуди зоҳирии аёнӣ бинандаро фақат то як андоза бо ҷаҳони ботинии образ шинос месозанду халос.
АДАБИЁТ 7

Download 7.44 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   17




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling