Хуруҷи деваштич


МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN


Download 0.96 Mb.
Pdf ko'rish
bet2/11
Sana02.05.2023
Hajmi0.96 Mb.
#1421895
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
vosstanie-devashticha

МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN

13,13], номаи сафири Деваштич Фатуварн мебошад, ки аз Чоч ба ихшиди Суғд 
ва афшини Самарқанд – Деваштич ирсол шуда буд [14, 34; 13,13]. 
Рамзкушоии асноду номаҳо ба муҳаққиқон имкон дод, то муайян намоянд, 
ки дар оғози садаи VIII ин диж паноҳгоҳи ҳокими Панҷакент Деваштич буд, ки 
муддате чун ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд низ ифои вазифа карда, дар 
ин ҷо бо ишғолгарони араб вориди охирин набард шуда, онро чун сангари 
муқовимат алайҳи арабҳо истифода намуд. 
Чуноне ки баъдан таҳқиқ гардид, дар фарози ин кӯҳ, ки Ҷӯраалии чӯпон 
сабадеро бо санаде аз сӯрохе пайдо кард, замоне дижи Абғар (Абарғар) қад 
барафрохта буд. Интихоби мавзеъ барои дижи Абғар дар фарози кӯҳи Муғ аз 
нигоҳи амният бисѐр муҳим буд. Зеро ин кӯҳро аз се тараф: аз ғарб ва шимол 
дарѐи Зарафшон ва аз шарқ дарѐчаи Кум иҳота кардаанд. Танҳо дар самти 
ҷанубии кӯҳи Муғ майдони ҳамворе дар нишебӣ қарор дорад, ки имкони 
дастрасӣ ба кӯҳро аз тариқи замин фароҳам мекунад. Вайронаҳои дижи Абғар 
дар фарози кӯҳи Муғ қарор доранд, ки бо таваҷҷуҳ ба шароити топографии 
минтақа нуқтаи бисѐр муносибе барои дифоъ буда, дар айни ҳол маҳалли бисѐр 
мувофиқе барои назорат аст. Дарѐи Зарафшон ва дарѐчаи Кум ва доманаҳои 
нишеби кӯҳ, ки дар бархе нуқот ба деворҳо табдил меѐбанд, қуллаи кӯҳро, ки 
дижи Абғар онҷост, аз се тараф комилан ғайри қобили дастрас гардонида, 
танҳо ҷойи қобили дастрас аз хушкӣ ҳамон майдони дар нишебӣ қарордошта 
мебошад, ки дар баъзе ҷойҳо хеле борик мешавад. 
Моҳи майи соли 1933 дар дижи Муғ А. Пӯлодӣ ва баъдан А.И. Василев 
[4,18-32] нахуст мустақилона ва баъдан моҳи ноябри соли 1933 дар ҳайати 
экспедитсияи АФ Иттиҳоди Шӯравӣ зери роҳбарии А.А. Фрейман ҳафриѐт 
гузарониданд. Дар натиҷа аз ин диж 81 санади дастнавис ѐфт шуд, ки забони як 
санади дар чарм навишташуда муайян нагардид ва 80 адади он чунин шиносоӣ 
шуданд: 25 санад дар коғази нафиси намунаи чинӣ (22 тои он ба забони суғдӣ, 
ки пушти 5 тои он матн бо забони чинӣ дорад), 32 санад дар чарм (29 тои он ба 
забони суғдӣ) ва 23 санад дар чӯб (шохаҳои маҷнунбед, ҳама ба забони суғдӣ) 
[14,14]. Аз ҷумлаи ин санадҳо ду санад дар чарм ба забони арабӣ навишта 
шудааст, ки И.Ю. Крачковский ва В.А. Крачковская онҳоро бахшҳое аз як 
санад меҳисобанд [7, 52-90]. Ҳашт санад ба забони чинӣ иншо шудааст, ки 
онҳоро муҳаққиқ А.С. Поляков шиносоӣ намуд [10, 91-117]. Инчунин ба 
ҳангоми ҳафриѐт аз ин ѐдгории таърихӣ теъдоди 400 ашѐи фарҳанги моддӣ, 
мисли пораҳои матоъ, чарм, маснуоти кулолӣ, таҷҳизоти низомӣ (тир ва сипар) 
ва 6 сикка (як сиккаи нуқра ва боқимонда мис, ки дар мобайнашон сӯрох 
доранд) ба даст омад. Муқаррар гардид, ки ба шарофати хоки махсуси ин дараи 
кӯҳӣ асноде, ки дар рӯйи чарм ва коғаз навишта шудаанд, дар зери замин пас аз 
гузашти сенздаҳ сада комилан ҳифз гардидаанд. 
Соли 1934 А.А. Фрейман шарҳи палеографии муфассале аз асноди 
ѐфтшударо таҳия кард ва нишон дод, ки дар миѐни мутуни суғдӣ ҳадди ақал ду 
гурӯҳ аснод – номаҳо ва асноди хоҷагӣ вуҷуд доранд. Феҳристи ин аснод соли 
1934 шомили «Согдийский сборник. Сборник статьей о памятниках 



Download 0.96 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling