Хуруҷи деваштич


МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN


Download 0.96 Mb.
Pdf ko'rish
bet6/11
Sana02.05.2023
Hajmi0.96 Mb.
#1421895
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
vosstanie-devashticha

МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN
10 
господин, в соответствии с перемирием Жамраваз и перс-полководец пошли 
вниз - по слухам (для того), чтобы получить выкуп, и чтобы отвести войско от 
арабов. И, господин, слухи относительно тюрок (таковы): (они) внезапно 
исчезли, потому что ушли он(и) наверх и до сих пор никто не вернулся. И, 
господин, тудун (ранее с Тарбандом заключил соглашение и, господин, все 
земли он (там) получил. И, господин, по слухам Азатгрив очень опечален 
последним перемирием и также он боится государя из-за того, что он не 
прибыл к тебе. И государь, затем о тебе (?) известий не может поступать. И, 
господин, вот эти письма я послал через Марвана в Канд. Господину, 
государю, великому оплоту, согдийскому царю, самаркандскому государю, 
Деваштичу от его нечтожнейшего раба Фатуфарна донесение» [8, 87-88]. 
Сулаймон ибни Абуссарӣ ва Мусайяб ибни Бишри Риѐҳӣ, ки 
фармондеҳони Ҳарашӣ буданд, ба ҷанги Деваштич маъмур шуданд. Ин 
фармондеҳони араб бо дастаи сипоҳиѐни худ, ки Шавкар ибни Хумайк – аз 
хонадони Бухорхудот, Аврам

- фармонравои Аҳоруну Шумон, инчунин 
Хоразмшоҳ (ҳокими Хоразм) низ шомили он буданд [2, 3504-3505; 3,491], аз 
Панҷакент гузашта, қисме аз манозил ва қасрҳоро ғорат карда, ба оташ кашида, 
бо роҳбаладии ҳокими Шумон, ки пайроҳаҳои кӯҳҳои маҳаллӣ барояш ошно 
буданд, ба рустои Кум наздик шуданд. Дар якфарсахии диж соли 722 дар 
наздикии деҳкадаи Кум дастаи пешсафи Сулаймон ибни Абуссарӣ бо 
сипоҳиѐни Деваштич вориди набарди сарнавиштсоз гардида, ҷангандаҳои зери 
фармони Мусайяб сипоҳиѐни Деваштичро ба ҷониби диже, ки дар канори 
нишеби соҳили Зарафшон қарор дошт ва Деваштич онро чун мақари 
фармонравоӣ интихоб карда буд, ки баъдҳо мардуми маҳаллӣ онро кӯҳи Муғ 
номиданд, ақиб нишонданд. Дастаи ҷангандаҳои Сулаймон он дижро муҳосира 
карданд. Мавқеияти ҷуғрофиѐии ин диж чуноне буд, ки кӯҳпорае аз се тараф 
онро иҳота мекард ва барои мудофеини он имкони дифоъ аз дижро бо неруҳои 
андак фароҳам месохт. Бо чунин мавқеи ҷойгиршавии диж фармондеҳони араб 
низ натавонистанд аз бартарии теъдоди ҷангандаҳои худ барои ишғоли диж 
истифода кунанд ва танҳо ба муҳосираи он иктифо намуданд. Муҳосираи 
тӯлонӣ, мушкилоти таъмини сокинони диж бо маводи хӯрока, инчунин 
рӯҳафтодагии муҳофизони диж Деваштичро маҷбур ба музокира барои таслим 
шудан кард, ба шарте, ки барои муҳокима назди Ҳарашӣ оварда шавад. Дар 
зимн Табарӣ менависад, ки «Девошнӣ (аз Сулаймон) тақозо кард, ки ба ҳукми 
Ҳарашӣ таслим шавад ва ӯро ҳамроҳи Мусайяб ибни Бишр пеши Ҳарашӣ 
фиристод» [2, 3585]. 
Аз сарнавишти Деваштич баъд аз ихтиѐран таслим шуданаш ба 
фармондеҳи араб ин матлаб дар манобеи таърихӣ зикр шудааст, ки Ҳарашӣ то 
замоне ки мардуми дижи Абғар тақозои сулҳ накарданд, аз рӯйи макр ба 
3 Дар китоби «История таджикского народа» Т.II. Китоби аввал намояндаи хонадони Бухорхудот - 
Шавкар ибни Хумик ва фармонравои Аҳоруну Шумон бо номи Урам зикр шудаанд. История таджикского 
народа. Т.II. Книга первая. С.106. 



Download 0.96 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling