Хуруҷи деваштич


МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN


Download 0.96 Mb.
Pdf ko'rish
bet7/11
Sana02.05.2023
Hajmi0.96 Mb.
#1421895
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
vosstanie-devashticha

МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN
11 
Деваштич ҳурмат гузошт. Сокинони дижи Абғар ба шарти он ки ба «яксад 
хонадони онҳо ва занону фарзандонашон» зараре нарасад (яъне онҳоро ба 
ғуломӣ нагиранд), хоҳишманди таслими дижи Абғар ба арабҳо шуданд.
Деваштич ва ҳамрикобонаш амволу сарвати зиѐдеро бо худ ба дижи Абғар 
оварда буданд. Барои ҳисоб кардан ва таҳвили ин дороиҳо Сулаймон ба 
Ҳарашӣ навишт, ки амонатдоронро барои гирифтани онҳо ба ин диж 
бифиристад. Ҳарашӣ ду нафар аз наздикони худро ба номҳои Муҳаммад ибни 
Азизи Киндӣ ва Илбо ибни Аҳмари Яшкуриро барои гирифтани амволи дижи 
Абғар ба ин ҷо фиристод. Ин фиристодагон «он чиро дар қалъа буд, ба музояда 
фурӯхтанд, ки хумсро (панҷяк) баргирифт ва боқиро миѐни онҳо тақсим кард»,-
менависад Табарӣ [2, 3585]. Ҷойи таъкид аст, ки аз ин ҳама сарват ба ворисони 
он, чуноне зикр шуд, танҳо бахше аз асноди бойгонии Деваштич ва теъдоде аз 
ашѐи он ба ѐдгор расидаанд, ки арзиши бузурги илмӣ ва фарҳангӣ доранд. 
А.И. Василев, ки дар шумори нахустмуҳаққиқони дижи Абғар маҳсуб 
мешавад, бо беиттилоӣ аз ахбори Табарӣ фарзияи комилан дурустро дар бораи 
ғорат шудани ин диж пешноҳод карда буд: «Мавҷуд набудани ашѐи комил 
(яъне ношикаста) миѐни бозѐфтҳои вайронаҳои қалъа моро ба ин бовар 
мерасонад, ки қалъа ғорат ва тамоми ашѐи боарзишаш рабуда шудааст. Ин 
ғорат бо тахриби сохтмони қалъа ҳамроҳ буд, зеро ашѐи алоҳидаи ба ҷо монда 
пас аз ғорат зери хиштҳои тоқҳои фурӯрехтаи утоқ мондаанд, ки ин ҳолат 
сабаби ҳифзи олии бозѐфтҳо, бавижа асноди коғазӣ ва номаҳоро шарҳ 
медиҳад» [4, 32]. 
Ҳарашӣ Деваштичро ҳамроҳи худ ба ҷониби Кеш бурд. Чун ҳокими Кеш 
бе ҷанг ба Ҳарашӣ таслим шуд, аз кори вилояти Кеш фориғ шуда, «сӯи 
Рабинҷан рафт ва Девошниро бикушт ва бар тобуте биѐвехт ва мактубе 
навишт, ки агар (ҷисми Деваштич) аз маҳалли худ мафқуд шуд, мардуми 
Рабинҷан яксад бидиҳанд... Ҳарашӣ сари Девошниро сӯйи Ироқ фиристод ва 
дасти рости вайро ба Тахористон пеши Сулаймон ибни Абуссарӣ фиристод» [2, 
3585]. 
Бино ба хабари Табарӣ омили Ироқу Хуросон Умар ибни Ҳубайраи 
Фазорӣ, ки соли 102 ҳ.қ /720-721 ба ин вазифа таъйин шуда буд, фармондори 
худ дар Хуросон Ҳараширо соли 104 ҳ.қ./722-723 аз вазифа маъзул кард. 
«Сабаб он буд, ки менависад Табарӣ,- Умар дар мавриди Девошнӣ аз Ҳарашӣ 
озурдахотир буд, аз он рӯ, ки навишта буд ва дастур дода буд вайро 
(Деваштичро) раҳо кунад, аммо ӯро кушт, ки (Ҳарашӣ) Ибни Ҳубайраро 
ҳурмат намекард» [2, 3589-90]. Аммо сабаби азли Ҳарашӣ аз Хуросон аз 
ҷониби Умар ибни Ҳубайра танҳо қатли Деваштич набуда, ихтилофҳои шахсӣ 
миѐни ин ду тан буд, ки билохира халифаи Бағдод ҷонибдорӣ аз Ҳубайра 
карда, Ҳараширо аз Хуросон ба дур андохт. 
Бо фурӯ нишондани оташи наҳзати истиқлолхоҳии суғдиѐн, аз ҷумла 
Деваштич дар солҳои бистуми садаи ҳаштум муборизаҳо дар Варорӯд барои 
раҳоӣ аз асорати аъроб қатъ нагардид ва шуълаи он оташ гоҳе дар Самарқанд, 
гоҳе дар Фарғона, гоҳе дар Хатлон ва дигар манотиқи ин сарзамин забона 



Download 0.96 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling