Хуруҷи деваштич
МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN
Download 0.96 Mb. Pdf ko'rish
|
vosstanie-devashticha
МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN
8 назаранд, ки вожаи аввали нома «басмала» (бисмиҳи) баѐнгари он аст, ки Деваштич дар ин нома худро мусулмон меҳисобад. Дар идома бо иттико ба манобеи таърихӣ ва адабиѐти илмӣ менависанд, ки далелҳое вуҷуд доранд, ки ин шароитро бо сиѐсати Умар ибни Абдулазиз иртибот медиҳад. Ин халифа дар оғози хилофати худ пешниҳоди ислом пазируфтанро барои намояндагони силсилаҳои маҳаллӣ дар манотиқи марзии хилофат ирсол кард. Ин пешниҳод на танҳо дар Осиѐи Миѐна, инчунин дар Ҳинд, эҳтимолан ба унвони як гоми сиѐсӣ-дипломатӣ муваффақиятомез буд. Аз ҷумла, ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд Ғурак пазириши исломро эълон кард ва аз ин фурсат истифода намуда, сафорате назди Умар ибни Абдулазиз фиристод, то эҳсоси сулҳхоҳонаи худро иброз кунад. Мушаххас аст, ки Ғурак дар ҳамон сол номаи маъруферо бо лаҳни комилан мутафовут дар робита бо арабҳо барои императори Чин ирсол кард. Ин баѐнгари он аст, ки пазириши ислом аз ҷониби ӯ фақат як иқдоми дипломатии сохтагӣ буд. Зеро баъдан дубора аз таблиғи ислом дар Самарқанд мешунавем ва пазириши ниҳоии ислом дар ин минтақа сад сол пас, дар замони халифа Муътасим (833-842) иттифоқ афтод. Шакке нест, ки Деваштич низ ҳамон мусулмонест бо равиши дипломатӣ. Деваштич дар нома худро мутавозиона «мавлои амир» мехонад. Дар таърихи хилофат ин калима маъмулан ба ашхосе итлоқ мешуд, ки баромади нажодии ғайри араб доштанд ва ба унвони ҳимоят чун муштарии бархе аз қабилаҳо ѐ афроди араб пазируфта мешуданд. Теъдоди онҳо бисѐр чашмгир буд ва бо густариши қаламрави давлати арабҳо, бавижа дар манотиқи марзӣ афзоиш ѐфт. Деваштич бо истифодаи вожаи «мавло» фақат таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир худро дар равобити муттаҳидона бо аъроб мебинад [7, 67-69]. Соли 103 ҳ.қ./721-722 суғдиѐн алайҳи аъроб шӯриш карданд ва хостанд онҳоро аз Самарқанд берун созанд. Фармондори Хуросон Саъиди Хузайна ду бор лашкаркашӣ алайҳи суғдиѐни саркашро роҳбарӣ кард, аммо суғдиѐн бо ѐрмандии туркон зарботи сангине ба лашкари ӯ ворид карданд. Ин қиѐм ба зудӣ дигар навоҳии Суғдро низ фаро гирифт. Саъиди Хузайна натавонист коре дар чораҷӯии шӯришиѐн кунад ва аз мақомаш канор зада шуд. Дар ивази ӯ соли 103 ҳ.қ. /721-722 шахси золим ба исми Саъид ибни Амри Ҳараширо ба фармондории Хуросон мансуб карданд [2, 3576]. Саъиди Ҳарашӣ бо сахтгириҳояш дар мубориза алайҳи хориҷиѐн дар хилофат шуҳрат касб карда буд. Барои Суғд низ фармондории кӯтоҳмуддати ӯ дар Хуросон бо як лашкаркашии танбеҳдиҳанда сабти таърих гаштааст. Соли 104 ҳ.қ. /722-723 Ҳарашӣ бо мардуми шӯридаи Суғд ба ҷанг пардохт ва «деҳқонони Суғду Самарқандро, ки муртад шуда буданд (яъне ба кеши аҷдоди худ баргаштанд), ҳаме гирифт ва ҳаме кушт ва хостаҳо ҳаме ситад, пас халқе аз эшон аз пеши ӯ (Ҳарашӣ) бигрехтанд ва ба Фарғона шуданд ва аз малики Фарғона фарѐд хостанд. Малики Фарғона эшонро ѐрӣ надод аз бими Саъид. Эшон аз он ҷо боз гаштанд ва ба Хуҷанд омаданд» [1,1580]. Ҳарашӣ аз ин хабар огоҳӣ ѐфт ва аз хашм «Суғду Самарқанд ғорат кард ва ҳар киро ѐфт бикушт ва барда кард» [1,1580]. |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling