Хуруҷи деваштич
МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN
Download 0.96 Mb. Pdf ko'rish
|
vosstanie-devashticha
МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN
7 согдийского языка и культуры, найденных на горе Муг в Таджикской ССР» шуда, ба нашр расид [15, 33-51]. Тавсифу таҳқиқи ин аснод соли 1962 аз ҷониби А.А. Фрейман анҷом ѐфта, дастраси доираи илм гардиданд [13]. Баъди солҳои панҷоҳуми садаи гузашта асноди кӯҳи Муғ аз ҷониби ховаршинос В.А. Лившитс мавриди омӯзиш қарор гирифтанд [11]. Дар ҷараѐни рамзкушоии ин аснод ба В.А. Лившитс муяссар шуд, ки аз миѐни ин ҳама аснод мутуни ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама қарордодҳоеро ҷудо намояд, ки дар маҷмӯи асноди суғдии таҳиянамудаи А.А. Фрейман аз вуҷуди онҳо сухане набуд. Инчунин маълум шуд, ки асноди кӯҳи Муғ ҳовии иттилооте мебошанд, ки вазъияти сиѐсӣ ва низомӣ дар Суғд ва навоҳии ҳамҷавори онро байни солҳои 711-722 муайян мекунанд. Ин аснод бидуни шак ба пажӯҳандагон имкони ироаи тасвири куллие аз низоми иҷтимоӣ ва ҳаѐти иқтисодии Суғдро дар ин даврон фароҳам месозад [8, 11-14]. Муайян шуд, ки теъдоди қобили мулоҳизаи ин аснод, аз ҷумла санади арабӣ ба номи Деваштич иртибот мегиранд. Таҳқиқи санади арабии ѐфтшуда аз ин диж ба донишмандон И.Ю. Крачковский ва В.А. Крачковская имкон дод, ки на танҳо таърихи ин матнро дақиқ намояд, инчунин номи Деваштич (Девасти)- ро бори нахуст вориди доираи илми таърих намуда, вазъияти таърихии замони харобшавии қалъаро низ мунъакис созанд [7, 52-90]. Дар аввалин мушоҳидаи асноди кӯҳи Муғ, -менависад А.А. Фрейман, - таваҷҷуҳ ба ин ҳолати ҷолиб шуд, ки ба Деваштич унвони ихшиди Суғд ва афшини Самарқандро додаанд, ки он мушобеҳи унвони ҳамзамони ӯ Ғурак мебошад, ки соли 710 самарқандиѐн пас аз сарнагунии Тархун барои гузаштҳояш ба арабҳо, ӯро ба тахти ихшидӣ нишонданд. Аммо Деваштич ин унвонро на дар ҳама аснод дорад, балки он фақат дар теъдоди муайяни номаҳои бидуни таърих, ки дар рӯйи коғаз ва чарм навишта шудаанд ва дар ду санади таърихгузошта ба номи ӯ, ки яке аз онҳо рӯи чарм ва дигар рӯйи коғаз навишта шудааст, зикр мегардад [13, 42]. Бар асоси рамзкушоии асноди суғдии ѐфшуда аз кӯҳи Муғ, ки ба умури хоҷагӣ иртибот доранд, донишмандон М.Н. Боголюбов ва О.И. Смирнова ба ин назаранд, ки Деваштич соҳиби мулки Панҷакент буда, лақаби шоҳзодаи онро дошт ва ба далели густариши доманаи мулкҳояш лақаби афшини Панҷро дарѐфт намуда, аз соли 720 ѐ 721 на камтар аз ду сол лақаби афшини Самарқанд ва ихшиди Суғдро ба худ гирифт [12, 104]. Номҳое, ки дар санади ба забони арабӣ навишташуда зикр шудаанд, калиде барои кушодани қуфли таърихи навишта шудани санад гардид. Донишмандон И.Ю. Крачковский ва В.А. Крачковская дақиқ муайян намуданд, ки ин санад номаест унвонии фармондори Хуросон Ҷарроҳ ибни Абдуллоҳ, ки аз номи Деваштич на зудтар аз оғози соли 718 ва на дертар аз моҳи апрели соли 719 навишта шудааст [7, 53-54]. Зеро Ҷарроҳ ибни Абдуллоҳ дар охири соли 717 аз ҷониби халифа Умар ибни Абдулазиз фармондори Хуросон таъйин шуда, дар охири моҳи апрели соли 719 аз ин вазифа барканор гардида буд. И.Ю. Крачковский ва В.А. Крачковская ин номаро тафсир намуда, ба ин |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling