Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 16. Фаъолияти педагоги иҷтимоӣ бо бачагони синни мактабӣ


Download 0.93 Mb.
bet55/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   51   52   53   54   55   56   57   58   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 16. Фаъолияти педагоги иҷтимоӣ бо бачагони синни мактабӣ
Нақша:
1.Кори иҷтимоӣ-педагогӣ бо хонандагони синни мактабӣ.
2.Вазифаи қӯмитаи падару модарон
3.Кори педагоги иҷтимоӣ ба бачагони тарбияашон душвор
4.Кор бо бачагони душвортарбия


Ибораҳои такягоҳ: кори иҷтимоӣ – педагогӣ, муассисаҳои томактабӣ, мувофиқшавӣ бо муассисаҳои таълимӣ, таҷрибаи ниёгон, дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, вазифаи асосии иҷтимоии мактаб, қӯмитаи падару модарон, иҷтимоишавии бача, вобастагии байниҳамдигарӣ.
1.Кори иҷтимоӣ-педагогӣ бо хонандагони синни мактабӣ
Кори иҷтимоӣ-педагогӣ бо хонандагони синни мактабӣ. Кори иҷтимоӣ-педагогӣ бо бачагони синни мактабӣ аз кори иҷтимоӣ-педагогии муассисаҳои томактабӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Ин фаъолият бо камолоти доимӣ ва таълимгирии хонандагон вобаста буда, мувофиқшавӣ бо муассисаҳои таълимӣ, ба аъзои фаъоли ҷамъият табдил ёфтани онҳо барин даври мураккабро дар бар мегирад. Дар солҳои охир дар республикаамон бо хонандагон кори иҷтимоӣ-педагогӣ бурдан боз ҳам ривоҷ ёфта истодааст. Дар ин бобат аз таҷрибаи ниёгон, фаъолияти педагогӣ, психологӣ, ҳуқуқӣ истифода бурда мешавад. Дар айни вақт дар ҷараёни педагогӣ нафақат масъалаҳои таълиму тарбия, балки муаммоҳои дигари хонандагон ҳам ҳал карда мешавад.
Тағиротҳое, ки дар давлатамон рух дода истодааст, ба системаи такмил ҳам таъсири худро расонда истодааст. Зеро дар системаи таълим дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият ҳам инъикос меёбад.
Мувофиқи Қонун “Дар бораи таълим ва “Дастури тайёр кардани кадрҳои миллӣ” дар назди мактаби таълими умумӣ чунин вазифаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст:
- мувофиқи манфиати бачагон ва наврасон ташкил намудани таълим;
- дар мактаб корҳои тарбиявиро бо таълим баробар бурдан;
- аз нав ташкил намудани фаъолияти мактаб;
- такмили кори мактаб;
- фаъолияти донишгарии хонандагонро баланд бардоштан, маҳ­филҳои гуногун ташкил намудан.
Вазифаи асосии иҷтимоии мактаб ба амал баровардани ҳуқуқи таълимгарии бачагон мебошад. Ҳифзи иҷтимоӣ-педагогии бачагон дар вақти ҳозира чунин ба роҳ монда мешавад:
Маъмурияти мактаб ба фарзандони оилаҳои камтаъмин ёрии моддӣ мерасонад. Аз тарафи роҳбари синф шароити оилавии бачагон омӯхта мешавад, бо бачагони “тарбияашон душвор” корҳои тарбиявӣ бурда мешавад.
Психологи мактаб қобилият, майлу рағбати бачагонро мео­мӯзад, ба бачагон ва падару модарон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Дар мактаб хизмати тиббӣ ба роҳ монда мешавад. Вай бачагонро аз назорати тиббӣ мегузаронад, гурӯҳи тарбияи ҷисмонӣ ташкил мекунад, сифати хӯроки бачагонро назорат мекунад.
Ба тамоми корҳои иҷтимоии мактаббачагон яке аз ҷонишинони директори мактаб раҳбарӣ мекунад. Вай ба масъалаҳои таълим диққат дода, алоқаро бо ташкилотҳои гуногуни давлатӣ алоқа мекунад.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   51   52   53   54   55   56   57   58   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling