Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
4.Кор бо бачагони душвортарбия
Пайдоиши бачагони душвортарбия камбудии фаъолияти мактаб ва оила аст. Оила, мактаб, муассисаҳои берун аз мактабӣ ба ташаккули шахсияти наврасон таъсири мусбат расонад ҳам, вале иҷрои қоидаю талабҳои онҳо дар кӯча беназорат мемонад. Бачагони душвортарбия қоидаҳои дохили мактабиро вайрон мекунанд, бо ҳамсолон, падару модарон ҷанҷол мекунанд. Онҳо хонданро дӯст намедоранд, бинобарин фаъолияти ба худашон маъқулро берун аз мактаб ҷустуҷӯ менамоянд. Айнан дар ҳамин гуна ҳолат ошноҳои кӯчагӣ ин гуна бачагонро ба доираи худ медароранд. Дар вақти ҳозира кори иҷтимоӣ бурдан бо бачагон аз тарафи мактаб, маҳаллаҳо бештар ба роҳ монда шуда истодааст. Доир ба тарбияи бачагон нақшаи ягонаи маҳаллаҳо ва маъмурияти мактаб амал мекунанд. Педагогҳо якҷоя бо муассисаҳои беруназмактабӣ кумитаҳои маҳаллаҳо фаъолияти иҷтимоӣ-педагогиро дар байни бачагон ба роҳ мемонанд. Барои он, ки педагоги иҷтимоӣ корҳои тарбиявиро дар байни бачагон самарабахш ба роҳ монад, бояд чунин шартҳоро ба ҷо оварад: - бо наврасон алоқаро мустаҳкам намояд; - бо наврасон муносибатҳои хубро барқарор кунад; - нақшаи кор, фикр ва фаъолияти ӯ ба тарбияи наврасон равона карда шавад. Дар бобати корбарӣ бо бачагони тарбияашон душвор Ю.В.Василкова равиши зина ба зинаро пешниҳод намудааст: Зинаи якум - омӯхтани наврасон ва муносибатҳои хуби атрофиёни онҳо. Зинаи дуюм - бо хатту ҳаракат ва нақшаи ояндаи наврас шинос шудан. Зинаи сеюм - муайян кардани сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои душвортарбиявӣ. Зинаи чорум - тартиб додани харитаи иҷтмиоӣ-педагогии наврасон. Зинаи панҷум - интихоби шакли таъсирбахши мусбат ба фаъолияти наврасон. Зинаи шашум - якҷоя ба роҳ мондани ҷараёнҳои таълиму тарбия, фаъолияти наврасонро ба худтарбиякунӣ нигаронидан. Муносибати комплексӣ ба тарбия талаб менамояд, ки таъсири фаъоли муҳити иҳотакардаи бачагонро ба мақсади тарбия нигаронем. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки наврасони ҷиноятҳои гуногунро бо иштироки аъзоёни гурӯҳ содир мекунанд. Дар ин бобат лозим аст, ки аз имконияти муносибати индивидуалӣ бо наврасон васеъ истифода бурда шавад. Баробари ин педагог бояд бо бачагоне, ки дар гирду атрофи ҳуқуқвайронкунандагон ҳастан, корҳои мунтазами тарбиявӣ гирифта бурда шавад. Корбарӣ бо бачагони тарбияашондушвор дар асоси тартиб додани саволномаҳо ва анкетаҳо ташкил карда шавад, самараи хуб медиҳад. Ин усулҳо имконият медиҳад, ки дар бораи дар куҷо пайдошавии наврасони вайронкунандаи ҳуқуқ маълумот ба даст ояд. Педагоге, ки бо бачагони душвортарбия кор мебарад. Чунин ҳолатҳоро бояд ба ҳисоб гирад: ҳаҷми гурӯҳ, синну сол ва таркиби иҷтимоии онҳо, ҷои вохӯрӣ ва вақти он, мақсад ва вазифаҳои гурӯҳ. Вазифаҳои тарбиячӣ: - мазмуни муомилаи байни аъзоёни гурӯҳро донистан; - дуруст ташкил намудани тарбия. Технология ва усулҳои кори иҷтимоӣ-педагогӣ бо наврасони душвортарбия аз инҳо иборат: - бо ёрии мактаб ва ҷамоаҳои наврасон таъсир расонидан (секция, клуб, маҳфил); - таъсиррасонии хонандагони интизомнок ва аълохон ба бачагони беназоратмонда: ин кор бештар ба маҳорати роҳбарони синф вобаста аст; - таъсири ҷамоаи синф ба наврасони бе назоратмонда. Ин вазифа дар давоми ба саёҳат баромадан, гузаронидани мусобиқаҳо, намоишҳо ба амал бароварда мешавад. Дар вақти ташкил намудани таъсири ҷамоаи ҷамъиятии наврасон чунин ҳолатҳоро ба ҳисоб гирифтан лозим аст: - дар секция, клуб, маҳфилҳо бо майлу рағбати алоҳида маҳдуд нашудан лозим аст. Педагог бачагонро ба тадбирҳои гуногуни меҳнатӣ, таълимӣ. муносибат бо одамони гирду атроф ҷалб карданаш лозим аст. 2. Ба аъзоёни аксарияти гурӯҳҳо нооромӣ таъсири тарбиявӣ расонида, онҳоро ба гурӯҳҳои расмӣ ҷалб кардан лозим аст. Боз як хусусияти кор бо бачагони беназоратмонда аз он иборат аст, ки барои онҳо фаъолияти шавқовар ташкил карда шавад. Кор бо бачагон ёнаврасони тарбияашон душвор ҷараёни азнавтарбиякунӣ мебошад. Азнавтарбиякунӣ маънои бартараф намудани лағжишҳои гуногун дар хатту ҳаракати онҳост. Азнавтарбиякунӣ ҳам барои тарбиячӣ ва ҳам барои наврасон ҷараёни вазнин ҳисоб меёбад. Ҷараёни азнавтарбиякунии наврасон аз якчанд зинаҳо иборат аст: 1. Тарбияёбандаро омӯхтан. 2. Ба тағйир додани хатту ҳаракати наврасон онҳоро аз ҷиҳати рӯҳӣ тайёр кардан. 3. Ташаккули сифатҳои нек дар бачагон. 4. Аз инқироз баромадан, ба худтарбиякунӣ гузаштан. Тарбиячӣ дар бобати тарбияи наврасон ва бачагони тарбияашон душвор фақат дар он ҳолат муваффақият ба даст меоварад, ки агар ба қувваи ҷомеа, фаъолони синф, оила ва маҳалла такя намояд. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling