Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Download 175.5 Kb.
bet1/7
Sana27.12.2022
Hajmi175.5 Kb.
#1069275
  1   2   3   4   5   6   7
Bog'liq
Амалии 3 (4)


Мавзу: Ташкили корхои берун аз синф ва мактаб дар синф хои ибтидои

Омӯхтани боигарии луғавии забони модарӣ, қонуну қоидаҳои грамматикӣ-имлоӣ машғулиятҳои мунтазам ва давомнокро талаб мекунад. Ба дарсҳои забони модарӣ, ки шакли асосии таълиму тарбия мебошанд, агар машғулиятҳои берун аз синфро илова намоем, кори омӯхтани забони модарӣ хеле самараи нек медиҳад, Вале афсӯс, ки дар синфҳои ибтидоӣ оид ба таълими грамматика, имло ва инкишофи нутқ машғулиятҳои берун аз синфро раво намедонанад ва инро асосан барои синфҳои боло хос мешуморанд. Ҳол он ки бачагони синфҳои ибтидоӣ кунҷков буда, бисёр чизҳоро донистан мехоҳанд. Аз ин ҷост, ки баъзан саволҳои «Дар забонамон чанд калима аст?» «Чаро он предмет ин тавр номида мешавад?» «Чаро ин калимаҳоро хешу табор меномем?» ва ғайра вомехӯранд. Батагони ин синау сол чистону зарбулмасалҳо, шеъру тезгӯякҳоро дӯст медоранд ва дар лаҳзаҳое, ки муаллим ин корҳоро мегузаронад, ҳама фаъолона иштирок менамоянд.


А.М.Горкий, ки ҷаҳони ботинии кӯдаконро аъло медонист, навиштааст: «Кўдак то синни даҳсолагӣ ҳазлу шӯхиро дӯст медорад ва ин аз ҷиҳати биологӣ қонунист. Вай бо ҳама ва ҳар чи бози мекунад ва дар бозӣ бисёр чизҳоро ёд мегирад, ҷаҳони иҳота кардаашро дарк менамояд. Маҳз дар бозӣ кӯдак нозукиҳои забони модариро меомӯзад, мусиқии онро, ки филологҳо «рӯҳи забон» меноманд, ёд мегирад».
Зарурияти ҷорӣ намудани машғулиятҳои берун аз синф дар синфҳои ибтидоӣ на танҳо аз он ҷост, ки кӯдакони ин синну сол кунҷков мешаванду бисёр чизҳоро ёд гирифтан мехоҳанд, инчунин мулоҳизаҳои методӣ ҳам ба ин илқо менамояд. Машғулиятҳои берун аз синф имконият медиҳанд, ки материалҳои дар дарс омӯхта шуурона ва мустаҳкамтар гарданд, захираи луғавии бачаҳо зиёд гашта, нутқи даҳонакӣ ва хаттиашон инкишоф ёбад; рағбати бачаҳо ба омӯхтани забони модариашон афзун мегардад, ниҳоят, вақте ки онҳо ба синфҳои боло мегузаранд, кори дар машғулиятҳои берун аз синф иштирок карданро давом медиҳанд.
Машғулиятҳои берун аз синф оид ба таълими грамматика, имло ва инкишофи нутқ дар синфҳои ибтидоӣ чи аз ҷиҳати мазмун ва чи аз ҷиҳати тарзи ташкил аз синфҳои боло фарқ менамояд, ки мо дар хусуси як қисми онҳо меистем.

Download 175.5 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling