Мавзӯи 22. Методика ва технологияи фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ
Нақша:
1.Методикаи фаъолият
2.Мафҳуми «технологияи педагогӣ» ва навъҳои он
3.Технологияи иҷтимоӣ-педагогӣ
Ибораҳои такягоҳ: методикаи фаъолият, шартҳои моддӣ, эмоционалӣ, ақлӣ, истифодаи воситаҳои техникӣ, ривоҷи ҷараёни иҷтимоӣ, технологияи иҷтимоӣ-педагогӣ, худтарбиякунии шахс, тренинги иҷтимоӣ-педагогӣ, мақсади муайяни педагогӣ, ривоҷи ҷараёни иҷтимоӣ.
1.Методикаи фаъолият
Методикаи фаъолият. Педагоги иҷтимоӣ дар ҷараёни фаъолияти худ аз усулҳои педагогика, психология ва кори иҷтимоӣ истифода мебарад.
Дар фан мафҳумҳои “метод”, “усул” ва “восита” кор фармуда мешавад. Метод роҳи ба амал баровардани ягон фаъолият буда, дар маънои усул ҳам кор фармуда мешавад. Восита нисбат ба метод ва усул маънои васеътар дорад. Воситаҳо - маҷмӯи истифодабарии шартҳои моддӣ, эмоционалӣ, ақлӣ ва ғайраҳо мебошанд. Воситаҳо худ аз худ усули фаъолият намебошанд, танҳо усули барои ба мақсади муайяни педагогӣ расидан (бозӣ, сӯҳбат, конференция) аст.
Методикаи “Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ маҷмӯи шакл, методҳо ва воситаҳои фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ мебошанд, якҷоягии методҳои гуногунро моҳияти технологияи иҷтимоӣ-педагогӣ ташкил медиҳад.
Мафҳуми “технологияи иҷтимоӣ-педагогӣ” аз мафҳумҳои “технологияи педагогӣ” ва “технологияи иҷтимоӣ” омада мебарояд. Технологияи педагогӣ ба ду соҳа решаҳои худро давом додааст. Якӯм, истифодаи воситаҳои техникӣ бо мақсади баланд бардоштани самараи таълими фанҳои техникӣ ва дуюм, дар соҳаи фанҳои иҷтимоӣ.
Технологияҳои педагоги таҳлил ва назорат намудани тамоми қисмҳои таркибии ҷараёни педагогиро дар назар дорад.
2.Мафҳуми «технологияи педагогӣ» ва навъҳои он
Мафҳуми “технологияҳои педагогӣ” дар социология ба вуҷуд омадааст ва бо имконияти ба нақшагирии ривоҷи ҷараёни иҷтимоӣ вобаста аст.
Яке аз навъҳои технологияҳои педагогӣ технологияи кори иҷтимоӣ буда, онҳо ба технологияҳои педагогӣ хеле наздиканд. Чӣ тавре ки дар боло қайд намудем, фаъолияти педагоги иҷтимоӣ ва ходими иҷтимоӣ серқирра аст. Технологияи иҷтимоӣ-педагогӣ технологияҳои иҷтимоӣ ва педагогиро бо ҳам пайваст мекунад.
Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ аз муайян кардани мақсад ва вазифаҳо он сар мешавад. Мақсадҳо, мазмун ва усулҳои шаклҳои ташкили фаъолиятро муайян мекунад.
Ба ҳамин тариқ, технологияи иҷтимоӣ-педагогӣ маҷмӯи метод ва усулҳои фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ ҳисоб меёбад.
Баҳодиҳӣ ба ҳалли муаммоҳо
Ҳал кардаин муаммоҳо
Кор карда баромадани технологияи ҳалли муаммо
Интихоби технологияи ҳалли муаммо
Ҷустани роҳҳои ҳалли муаммо
Ташхиси муаммо
Do'stlaringiz bilan baham: |