Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet81/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   77   78   79   80   81   82   83   84   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Технологияи иҷтимоӣ-педагогӣ
Ҳал кардани ҳар як муаммое, ки иштироки педагоги иҷтимоиро талаб мекунад, аз ташхис мондан сар мешавад. Ташхис гузоштан аз таҳдид, ҷамъкунӣ ва ба система даровардани ахборот иборат аст.
Зинаи оянда кофтани роҳҳои ҳалли ин муаммо мебошад. Барои ин дар асоси ташхис мақсад гузошта мешавад ва мувофиқи он вазифаҳои фаъолият муайян карда мешавад.
Гузориши технологияи иҷтимоиро дар мисоли “Технологияи кор бо навраси муаммодода” дида мебароем.
Яке аз технологияҳои васеъ паҳншуда ва самарабахши иҷтимоӣ-педагогӣ тренинг ҳисоб меёбад.
Тренинги иҷтимоӣ-педагогӣ таъсири педагогиест, ки ба методҳои фаъоли кори ҷамоавӣ асос карда шудааст.
Дар вақти машғулоти тренинг дар ҳар як наврас дигаргуниҳои дохилӣ содир мешавад: донишҳо афзуда, муносибати мусбӣ ба худ ва атрофиён ташаккул меёбад. Муаммои мазкур бо худтарбиякунӣ вобаста аст.
Худтарбиякунии шахс бо чунин равишҳо ба амал бароварда мешавад.
1. “Ман”-ро бо рафтору кирдори дигарон муқоиса намудан. Барои дигарҳоро мушоҳида намудан аъзои гурӯҳ будан лозим аст.
2. Ахбороти аз дигарон гирифтаро дар худ аз нав кор кардан. Инҳоро ба воситаи суханҳо, ҳиссиёт, хулқу атвор ва реакцияи дигарон баҳои хатту ҳаракати худро фаҳмидан.
3. Ба фаъолияти худ баҳо додан.
4. Ба воситаи баҳои қиёфаи берунии худ ба худ муносибат кардан.
Мақсадҳои тренинг, ки барои ривоҷёбии шахс имконият фароҳам меоварад, аз инҳо иборат аст:
а) баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии иштирокчиён, пар­вариши муносибати фаъоли онҳо бо дигарон;
б) ташаккули мавқеи фаъоли иҷтимоии наврасон;
в) дараҷаи маданӣ-педагогиро баланд бардоштан.
Қоидаҳои асосии тренингро ба диққати шумо пешкаш менамоем:
1. Ҳурмати байниҳамдигарии иштирокчиён ва муомилаи инсонии байни одамон.
2. Мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии иштирокчиён, маъ­лумотҳои нав гирифтан дар бораи хатту ҳаракатҳои рафиқон.
3. Худ ба худ ташхис мондан.
4. Бо ҳам вобаста намудани ҳолатҳои ақлӣ ва эмоционалӣ.
5. Тренинг ва ба тарзи ихтиёрӣ иштирок намудан ба машғулотҳои алоҳида.
6. Индивидуалӣ.
7. Ҳудуди озод барои иштирок кардан дар машғулоти гурӯҳ.
Технологияҳоро ба фаъолияти иҷтимоӣ педагогӣ ҷорӣ намудан шарти самаранокии фаъолияти педагоги иҷтимоӣ мебошад. Техно­ло­гияҳои иҷтимоӣ-педагогӣ барои ҳалли вазифаҳои ташхисгузорӣ, профи­лактикаи иҷтимоӣ, адаптацияи иҷтимоӣ ва реабилитацияи иҷтимоӣ ёрӣ медиҳад.

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   77   78   79   80   81   82   83   84   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling