Беназоратии педагогӣ - натиҷаҳои таъсири номукаммали механизми тамоми омилҳои ривоҷёбии шахс. Онҳо дар ноқаноатбахш ташкил намудани фаъолияти инкишофи индивидуалӣ-педагогӣ намоён мешаванд.
Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогии касбӣ - дар муҳити иҳотакардаи бачагон ва наврасон зина ба зина гузаронидани тарбияи иҷтимоӣ буда, ба адаптация ва индивидуалшавии бачагон нигаронида шудааст. Объекти он бача ҳисоб ёфта. предметаш ҷараёни тарбияи иҷтимоист.
Раҳмдилӣ - ба дигарон кӯмак расонидан, ҳамдардӣ ва инсонпарварӣ намудан аст.
Реабилитация - ба меҳнат ва ҳаёт баргаштани бемор дар доираи имкониятҳои рӯҳӣ. Ба ин ҳолат ба туфайли тарбия барҳам додани нуқсонҳои ҷисмонӣ, истифодаи усулҳои махсуси таълимӣ, тайёрии касбӣ муваффақ шудан мумкин аст.
Гурӯҳи референтӣ - тавсияҳо, маълумотҳое, ки ягонании ченаки инсон ҳисоб меёбад.
Рефлексия - фаъолияти ботинии рӯҳии инсон буда, ба дарк намудани ҳаракатҳо, хислатҳо ва ҳолатҳои ӯ нигаронида шудааст, идроки дунёи ботинии инсон.
Соматикӣ - ҷисмонӣ.
Адаптацияи иҷтимоӣ - силсилаи метод ва усулҳо буда, ба одамон барои одат намудан дар иҷтимоишавӣ ва мутобиқшавӣ ба шароитҳои нав ёрӣ медиҳад.
Ҳомии иҷтимоӣ - одамони ба ёрӣ мӯҳтоҷро аниқ карда, ҳомиёнро тайин мекунад, муносибатҳои онҳоро ба тартиб медарорад.
Диагностикаи иҷтимоӣ (ташхиси иҷтимоӣ - ҷараёнест, ки ҳодисаи иҷтимоӣ ва ҳолати онро аниқ карда, ба таълим, тарбия ва инкишофи шахс ёрӣ мерасонад.
Башорати иҷтимоӣ-педагогӣ - ба восита ба фаъолияте ҷалб кардани бача натиҷаҳои ҳалли муаммоеро пешакӣ муайян кардан. Маркази иҷтимоӣ-педагогӣ - маҷмӯи гурӯҳ, иттиҳодияҳо, муассисаҳои тарбиявӣ.
Мавқеи касбии педагоги иҷтимоӣ - дар тарбияи иҷтимоии насли наврас роли муҳим мебозад. Педагоги иҷтимоӣ-педагоги маъмурӣ, ҷисмонӣ, оилавӣ, муассисаи таълимӣ.
Методикаи фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ - маҷмӯи мазмун, шакл, усул ва воситаи фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ.
Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ - фаъолияти касбӣ ба худдарккунии бачагон дар ҷараёни иҷтимоишавӣ ва ҷамъият нигаронида шудааст.
Do'stlaringiz bilan baham: |