Ба фарзандӣ қабул кардан - аз рӯи акти байни шахсоне, ки бачаро медиҳанд ва ба фарзандӣ қабул мекунанд ва падару модару фарзандон тартиб дода мешавад.
Васигӣ - ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва миллии одамони ба муомила лаёқат надошта.
Иқлими иҷтимоӣ-психологии гурӯҳ - майдони муносибатҳои ба фаъолияти аъзоёни гурӯҳ таъсиррасонанда.
Хулқу атвори девиантӣ - хулқу атворҳое, ки ба меъёрҳои иҷтимоӣ ё ахлоқӣ мувофиқ намеоянд.
Деликентӣ (англисӣ - гунаҳкорӣ) - хулқу атворҳое ба вайронкунии меъёрҳои қарорёфта ва ҳуқуқвайронкунӣ гирифта мебаранд.
Стреотипи динамикӣ - шакли физиологии майнаи сар, дар тартиботи рефлексҳои шартии хатту ҳаракати инсон намоён мешавад. Ба онҳо одатҳо ва малакаҳои оддии меҳнатии инсон дохил мешавад.
Бачагони ятим - бачагони то 18-сола, ки бо сабабҳои гуногун падару модар ё яке аз онҳоро гум кардаанд.
Ятимӣ - ҳодисаи иҷтимоӣ, ки аз падару модар ҷудо шудани бачагонро мефаҳмонад.
Ҷамоа (ҷомеа) - гурӯҳе, ки дар асоси муносибатҳо ва фаъолияти иҷтимоӣ муттаҳид шудаанд.
Ҷиноят - як шакли хулқи деликвентӣ буда, ба шахс ёки ба объектҳои муҳофизи қонун таҷовус мекунад.
Хулқу атвори ҷиноӣ - ҳаракатҳои ба кушодани кори ҷиноӣ сабаб мешаванд.
Иҷтимоишавӣ - ҷараёне, ки тағйирдиҳӣ ва ривоҷёбии инсонро дар тамоми даври ҳаёти ӯ идора мекунад.
Тарбияи иҷтимоӣ - ҷараёне, ки ба муваффақиятнок иҷтимоишавии бачагон ёрӣ мерасонанд ва сифатҳои зарурии иҷтимоии онҳо ёрӣ мерасонанд.
Инсонӣ - ҳиссу хусусиятҳое, ки бачаро ҳамчун шахс ташаккул медиҳад.
Инфинтализм - боздоштани ривоҷёбии организм буда, давраи инкишофи бачагонро нигоҳ медорад.
Инқироз - бозистодани фаъолияти ҳаёти ривоҷёбии шахс. Инқирози пай дар пай ба бемориҳои рӯҳӣ, ба худ қасд кардан оварда мерасонад.
Боваркунонӣ - таъсири эмоционалии ақлӣ, ки ба мантиқ, исботу далел асос ёфтааст. Моҳияти он ба шуури инсон таъсир карданро ташкил мекунад. Муваффақияти боваркунонӣ ба мувофиқ омадани қонуниятӣ шуда вобаста аст. Суханҳои боваркунии бояд фаҳмо бошанд.
Do'stlaringiz bilan baham: |