Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet87/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   81   82   83   84   85   86   87   88   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Боварии ботинӣ - бе нуқтаи назари танқидӣ қабул кардани ахборот ва мувофиқи кайфият хулқу атвор таъсир расонидан.
Иқтидорнокӣ - нисбат ба ҳамсолон аз ҷиҳати ақлӣ хеле пеш рафтани бача.
Катамнез - маълумотҳое, ки пас аз даво бемор ба даст оварда мешавад. Ҷамъ кардани маълумот дар бораи меҳнат, ҳаёт ва таълими хонандагон.
Коммуникативӣ - соҳиби маданияти байнишахсии мулоқот шудан, мушоҳидаи хулқу атвори бачагон, омӯзонидани қобилиятҳои шунавоӣ, муомила кардан ва алоқа намудан аст.
Компенсация - пур кардани функцияҳои вайроншуда.
Конкретӣ - аз баҳри фикрҳои умумӣ баромада, ба саволҳо ҷавобҳои аниқ дидан.
Тарбияи коррекционӣ - ба вуҷуд овардани шароитҳо барои одаткунӣ ба ҳаёти ҷамъият, бартараф ё мағлуб намудани нуқсони ривоҷёбии одамон.
Маданият - дараҷаи ривоҷёбии ҷамъият, қобилиятҳои инсон буда, дар шаклҳои ташкили ҳаёт ва фаъолияти одамон ифода меёбад.
Маданиятнокӣ - намуди асосии тарбия ва иҷтимоишавии бачагон, арзишҳои маънавии миллӣ.
Концепсияи “Ман - системаи тасаввуроӣ дар бораи худ.
Микросоциум - ҷамъияте, ки дар ҳудуди муайян аз тарафи оилаю Хешовандон, ҳамсолон, ташкилотҳои гуногуни иҷтимоӣ, давлатӣ, динӣ, хусусӣ фаъолияти тарбиявӣ гузаронида мешавад.
Беназоратӣ - назорат накардани бачагон, хулқу атвор, гуза­ронидани вақти холии бачагон, ғамхорӣ накардан дар бораи тарбияи онҳо.
Оила - аввалин шакли муштараки умумии одамон, пайвастгари биологӣ ва иҷтимоӣ, индивидуалӣ ва ҳаёти ҷамъиятии онҳост.
Онтогенез - ривоҷёбии индивидуалии аз пайдоиши олами ҳай­во­нот ва наботот то ба охир. Онтогенез инкишофи организм дар шароити муайяни беруни ҳисоб меёбад.
Ташхиси педагогӣ - бо мақсади муносибати индивидуалӣ ва дифференционӣ дар ҷараёни таълиму тарбияи хонандагон омӯхтан.
Технологияи педагогӣ - ҷараёни оптимилии баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбия, ки ба воситаи омилҳои педагогӣ ба даст оварда мешавад. Технологияи педагогӣ ба педагог имконият медиҳад, ки дар таълиму тарбияи хонандагон ба натиҷаҳо хуб ноил гардид.

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   81   82   83   84   85   86   87   88   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling