Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet85/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   81   82   83   84   85   86   87   88   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

ЛУҒАТИ МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
Автономшавӣ - (юнонӣ, auto - худам, homus - қонун) - имконияти худидоракунӣ ва худбатартибдароро ба даст овардан.
Адаптация - қобилияти дар муносибати фаъол будани инсон бо муҳит ва имкониятҳои онро дар инкишофи шахсӣ истифода бурдан.
Анамез - маълумот гирифтани шифокор, педагог ё психолог аз падару модар ёки шахсоне, ки бачаҳоро тарбия мекунад. Дар вақти пур кардани анамез маълумотҳои ирсӣ, беморӣ, нутқ, фаъолияти бозӣ, хусусиятҳои ривоҷёбии бача қайд карда мешавад.
Анамалия - аз меъёрҳои умумии ривоҷи ҷисмонӣ ё рӯҳӣ лағжидан.
Бачаҳои аномалӣ - бачагоне, ки аз меъёри ривоҷёбии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ қафо мондаанд.
Вайроншавии аффектӣ - вайроншавии соҳаи эмоционалӣ буда, дар паст шудани дараҷаи асабишавии бениҳоя намоён мешавад (опатия, бефарқӣ). Ин ҳолат дар натиҷаи вайроншавии системаи марказии асаб рӯй медиҳад.
Ҷинояткории бачагон - ҳодисаи манфии иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, маҷмӯи хатту ҳаракатҳои ғайриҳуқуқии бачагони ноболиғ мебошад.
(Луғати мазкур аз рӯи тартиби китоб тарҷума карда шуд. Тарҷ. К.Ҳ., С.К.)


Иҷтимоишавии бачагон - ҳамроҳшавии онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз донишҳо, арзишҳо, меъёр, қоидаҳо ва намунаҳои хулқу атворро аз худ кардан аст.
Адаптацияи иҷтимоии бачагон - ба шароити муҳити иҷтимоӣ фаъол одат кардани бачагон ва муносибати онҳо бо муҳити иҷтимоӣ мебошад.
Дезадаптацияи иҷтимоии бача - ба шароити муҳити иҷтимоӣ халал расонанда, нест гардидани хислатҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ.
Ҳимояи иҷтимоии бача - тадбирҳое, ки ба мустақилӣ ва ҳуқуқҳои бачагони ба воя нарасида нигаронида шудаанд. Инҳо маҷмӯи чораҳое мебошанд, ки ривоҷёбии биологӣ ва иҷтимои ҳуқуқӣ, тиббӣ ва психологӣ-педагогии бачаро таъмин мекунанд.
Ёрии иҷтимоӣ ба бачагон - якеаз шаклҳои ҳимояи иҷтимоии бачагон буда, ба таъмини эҳтиёҷи бачаҳои оилаҳои камтаъмин нига­ронида шудааст. Педагоги иҷтимоӣ ба онҳо ёрии гуногун мерасонад, вале ёрии ботинии устувор -дастгирии иҷтимоӣ-педагогии бачагон мебошад.

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   81   82   83   84   85   86   87   88   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling