Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 7. Маҳалла – омили анъанавии иҷтимоишавӣ


Download 0.93 Mb.
bet26/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 7. Маҳалла – омили анъанавии иҷтимоишавӣ
Нақша:
1.Қоидаҳои амалкунанда дар маҳалла
2.Ҷамоа ва мавқеи он дар тарбияи насли наврас
3.Қонун дар бораи «Органҳои худидоракунии шаҳрвандон» ва аҳамияти он дар маҳаллаҳо.
Ибораҳои такягоҳ: маскани иҷтимоӣ, катаклизмаҳои табиат, қоидаҳои маҳалла, ҷамоа дар тарбияи насли наврас, барқарор намудани анъанаҳои маданӣ, авҷгирии шахспарастӣ ва репрессия, маросимҳои қадима, сӯҳбати дӯстона.
Яке аз хусусиятҳои муҳими менталитети халқи мо мавҷуд будани маскани иҷтимоӣ - маҳалла мебошад. Дар Тошканд маҳаллаҳо аз асри XIX боз вуҷуд доранд. Ташкил шудани онҳо, аз як тараф бо хусусиятҳои миллии педагогӣ, аз тарафи дигар аз ҷавонӣ ба муносибатҳои иҷтимоӣ ҷалб намудани аҳолӣ вобаста аст.
Дар бораи аҳамияти гуногун доштани маҳалла Президент И.А.Каримов чунин гуфтааст: “Маҳалла - барои ҷамъияти мо манбаи дигарнашавандаи тарбия ва муросонамоӣ аст. Мувофиқи гувоҳи таърих, давлати мо дар соҳили дарёҳо пайдо шудааст. Катаклизмаҳои табиат, ҳайвонҳои беруниро якҷоя мағлуб намудан, дар рӯзҳои душвор дастгирӣ намудани ҳамдигар аҷдодҳои моро ба ҷамоа шуда зистан омӯхтааст.
Меҳрубонӣ, раҳмдилӣ барин хислатҳои инсонӣ айнан дар маҳаллаҳо ташаккул ёфтааст. Дар ин маъно маҳалларо мактаби худидоракунӣ, лозим ояд, мактаби демократия гӯем, мешавад”.
Иҷтимоишавӣ нафақат ба қулаиҳо соҳиб шудани шахсро дар ҷамъият, балки аз бар намудани қоидаҳои муайяни ахлоқӣ ва этникиро ҳам дар назар дорад. Дар ин бобат маҳалла механизми муҳими иҷтимоишавӣ ҳисоб меёбад.
1.Қоидаҳои амалкунанда дар маҳалла
Дар маҳалла чунин қоидаҳо амал мекунад:
- дар он талабҳои муайяни ахлоқӣ, ки ҳар як кас бояд онро иҷро кунад, мавҷуд аст;
- муомила ба якчанд қоидаҳои ахлоқӣ асос ёфтааст;
-боварӣ ва хизмат ба халқ, намунаи шахсӣ, ҳурмат ба калонсолон, ғамхорӣ ба хурдсолон;
- тарбияи ахлоқ ва ҷамоатӣ ба воситаи ба фаъолияти амалӣ дохил шудан ба амал бароварда мешавад;
- арзишҳои шуури оммавӣ аз маҳалла ба оила ва шахс рафта мерасад;
- хусусиятҳои асосии ҳаётии шахси алоҳида дар назорати аъзоёни ҳамаи ҷамъият қарор мегирад.
Қатъӣ назар аз ҳаракатҳои вайроншавии баъзе меъёрҳои ҳаётии анъанавӣ дар давраҳои гузашта, ба онҳо маҳалла зиддият нишон додааст ва нигоҳ доштани одату анъанаҳо кӯмак расондааст.
Маҳалла ҳамеша ба қоидаҳои олии инсонӣ ва ахлоқӣ такя менамуд. Масалан, дар солҳои 20-30-уми асри ХХ маҳалла ба ҷалб намудани занон ба истеҳсолоти иҷтимоӣ, бартараф намудани бесаводӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинии мадании аҳолӣ ёрӣ мерасонд.
Ба ҳама маълум аст, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон одамони эвакуация кардашудаи Россия, Украина, Белоруссияро маҳаллаҳои мо қабул карда буданд. Аҳолии маҳаллӣ ба онҳо як қисми ҳавлии худро дода, ёрии моддӣ расонда буданд.
Дар шароитҳои нав маҳалла ҳамчун органи худидоракунӣ аҳамияти калон дорад. Ин ҳолат аз тарафи Президент И.А.Каримов алоҳида қайд карда шудааст.
Қиёфаи иҷтимоӣ ва маънавии хонандагони синфҳои болоии мактабҳои маҳалла ҳам хеле дигаргун шуд. Қисми асосии сарварони маҳаллаҳо саводнок, фарзандони онҳо илмноканд. Маҳалла маркази муттаҳидаи ахлоқии одамон гардидааст. Ин ҳолат дар меҳнати иҷтимоӣ, аз ҷумла, дар обод намудани маҳалла намоён мешавад. Ин гуна тадбирҳо, асосан, дар рӯзҳои иди Наврӯз, Рамазон, иди Қурбон, рӯзҳои Истиқлол гузаронда мешавад. Бо роҳи ҳашар хонаҳо, кӯчаҳо, клубҳо, ошхонаҳо, масҷидҳо обод карда мешаванд.
Яке аз анъанаҳои муҳими халқӣ меҳр-мурувват нишон додан буда, дар чунин намудҳо зоҳир мегарданд:
- Ғамхории ҷамоа, кӯмак расонидан ба беморон, пиронсолон ва шахсони камтаъмин;
- ёрии моддӣ расондани одамони нисбатан серу доро ба хешу таборон ва ҳамсояҳои камтаъминшуда;
- ёрӣ расондан ба одамоне, ки сарвари оиларо гум кардаанд.
Анъанаи ёрӣ расондан дар ҷамоа дар вақти ҳозира шаклҳои нав гирифтааст ва вазифаи асосии ҳокимияту кумитаҳои гузар гардидааст. Мувофиқи фармони Президенти Ӯзбекистон (23 августи соли 1994) “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии қисми камтаъминшудаи аҳолӣ” навъи нави ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ - ёрии ҳармоҳаи моддӣ расонидан ҷорӣ шуд.
Навигарии ин ёрӣ аз он иборат аст, ки тақсимоти маблағро ба оилаҳо худи маҳалла ҳал мекунад. Бо ҳамин мақсад дар моҳи январи соли 1999 фармони Девони Вазирон “Дар бораи таъмини дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи органҳои худидоракунии шаҳрвандон” ва дигар қарорҳо қабул карда шуд.
Дар айни вақт маҳалла дар ҷараёни ба амал ҷорӣ намудани арзишҳои маданӣ роли асосӣ мебозад. Дар маҳаллаҳо маросимҳои никоҳ, ҷаноза, тӯи суннат, ҷашни одамони бузург пурмазмун гузашта истодааст.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling